ФАРХОР. ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР ҲУДУДИ МТМУ №25

Имрӯз дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим ва раиси ноҳия синфхонаҳои иловагӣ дар ҳудуди МТМУ №25 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуданд.
Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, аз таҳсилу фаъолияти онҳо огоҳ гардиданд. Ба аҳли маорифчиён супориш доданд, ки барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия кӯшиш кунанд.
Ҳамчунин маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбият менамоянд.
Шуъбаи таҳлилию иттилоотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Related Articles