Дар ноҳияи Хуросон бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ифтитоҳ гардид.

Субҳи имрӯз дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ифтитоҳ гардид.
Бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.
Сохтмони бинои маъмурии кумита соли 2019 оғоз гардида, дар масоҳати умумии 300 метри мураббаъ сохта шудааст. Фармоишгар ва маблағгузори иншооти мазкур Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ёдовари аз дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, кормандону мутахассисони соҳаро ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба муроҷиаткунандагон, таъмини истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захира кардани маводи гизоӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок вазифадор намуд.
Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 13 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст мебошад.
Инчунин, дар таҳхонаи бино бойгонӣ ҷойгир карда шудааст. Саҳни ҳавлӣ ва роҳравҳои атрофи бино дар масоҳати 32 метри мураббаъ сафолакпӯш ва дар масоҳати 400 метри мураббаъ бетонпӯш шудаанд.

Related Articles