Баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон. Баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон.

Дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар майдони ба номи Абаи шаҳри Алмаато намоиш-фуруши молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, таъомҳои миллӣ, хизматрасониҳо дар самтҳои камуникатсионию сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ пешкаши сокинону меҳмонони ин шаҳр гардонида шуд.
Ин чорабинии сатҳи баланди миёни давлатҳо, ки дар шаҳрҳои Остона, Шимкент ва Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон идома дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро сокинон, соҳибкорону кишоварзон ва ҳунармандону санъаткорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо молу маҳсулоти гуногуни саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва фарҳанги ғании миллати тоҷик дар шаҳри Алмаато муаррифӣ намуда истодаанд.
Чорабинии мазкур дар заминаи 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии давлатҳо сурат гирифта, он дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.
Зеро муносибати гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қазоқистон заминаи мустаҳками анъанаҳои таърихӣ дошта, тайи солҳои охир дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ҷараёни густариши босуръатро дар ҳама самтҳои мавриди таваҷҷуҳ касб кардаанд.
Дар гӯшаҳои алоҳидаи намоишгоҳи мазкур, маҳсулоти хушсиффату аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзӣ ба монанди тарбузу харбуза, намудҳои гуногуни хуштамъи ангур, сабзавоту меваҷот дар шакли тару тоза, хушк ва консервакардашуда, асал ва дигар номгӯи маҳсулот ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда буд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди сокинони меҳмонони шаҳри Алмаато гардид.
Воқеъан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ буда, деҳқонони асилу соҳибтаҷрибааш бо тақвияти анъанаҳои неки заминистифодабарии ниёгон тавассути омӯзиши роҳу усулҳои муосири соҳа ва меҳнати содиқонаву ҳавасмандона дар заминаи шароити мусоиди мавҷуда, сол аз сол ба натиҷаҳои дилхоҳи меҳнатӣ ноил гардида, дар баробари таъмини талаботи бозори истеъмолии мамлакат, ҳамзамон ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба дигар давлатҳои низ содирот менамоянд.

Молу маҳсулоти гуногуни саноатии истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин намоишгоҳ ба маърази меҳмонон ва сокинони гуногунқавму миллати шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон гузошта шуда буд, аз он шаҳодат медиҳад, ки таи солҳои охир дар мамлакат зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи саноат рушд карда, дар баробари барқарор гардидани коргоҳу корхонаҳои мавҷуда, ҳамзамон иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи мустақим ва ҳавасмандии соҳибкорон ба кор андохта мешавад, ки ин омил баҳри боз ҳам афзун гардидани ҳаҷми коркарди ашёи хом ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ ва таъмини бештари сокинон бо ҷои корӣ мусоидат карда истодааст.

Дар заминаи тадбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ, «Саноатикунонии босуръати кишвар» эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат низ ба он равона карда шудааст, ки ҳарчи бештар молу маҳсулоти саноатии ивазкунандаи воридат ва ба содирот нигаронидашуда дар мамлакат истеҳсол карда шавад.
Ҳунару ҳунармандӣ як ҷузъи меҳварии ҳаёту рӯзгори сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ниёгони миллати мо ба ҳисоб рафта бо мурури замон тавсеаву густариш ёфта, миёни дигар халқу миллатҳои дунё муаррифӣ мегардад.

Гӯшаҳои намоишии аз маҳсули тахайюли бою рангин ва дастони пурэъҷози ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон хеле моҳирона оро ёфта буд, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб мекард.

Махсусан занону бонувони шаҳри Алмаато ҳар як намунаи маҳсули ҳунармандони тоҷикро бо диққати том таваҷҷӯҳ карда, вобаста бо тарзи омодасозӣ, маҳсулоти истифодашуда, маънии нақшу нигор дар гулдӯзиву сӯзаниҳо дар рӯи матоъ, либосҳои миллии чакану атлас ва дигар ороишоти зани тоҷик, нақшбандӣ дар чӯб, ва мавриду ҳолати истифодаи онҳо пурсон шуда, ҳар кадоме вобаста ба завқу салиқаи худ аз намоишгоҳ чизе харидорӣ мекард.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати бо муваффақи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамкориҳои неки шарикиро бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ба роҳ монда, дар таҳкими муносибатҳои дипломатии миёни кишварҳо пешгом мебошад.
Ба хусус баргузори чорабиниҳои гуногун ба монанди рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар давлатҳои дӯстӣ ва ба ҳамин монанд рӯзҳои фарҳангии дигар давлатҳо дар Ватани мо гувоҳи мавқеву рушди Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ мебошад.
Дар шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳури Қазоқистон низ баргузор шудани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сатҳи баланд, низ далели таҳкиму тавсеа ёфтани ҳамкориҳои ҳарду давлат дар самтҳои гуногун мебошад.
Бахши фарҳангӣ аз қисмати асосии чорабинии бошукӯҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон маҳсуб гардида, дар рӯзҳои муайяншуда шомгоҳон бо иштироки устодони санъат, дастаҳои ҳунарӣ ва дигар ҳунармандони шинохтаи мамлакат, барномаи рангину пурмӯҳтаво пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳри Алмаато карда мешавад.

Related Articles