ИФТИТОҲИ РОҲИ МУМФАРШНАМУДАИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА ДАР ДЕҲАИ ЛОҲУТИИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БО МАСОФАИ 1,7 КИЛОМЕТР

ИФТИТОҲИ РОҲИ МУМФАРШНАМУДАИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА ДАР ДЕҲАИ ЛОҲУТИИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БО МАСОФАИ 1,7 КИЛОМЕТР

Имрӯз, 1 ноябр, дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 1,7 километр роҳи аҳамияти маҳалидоштаи деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳунро низ мавриди истифода қарор доданд.

Зикр гардид, ки таъмиру мумфаршкунии роҳҳои мошингард аз бандҳои асосии Нақша-чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ҷайҳун ба ҳисоб рафта, дар ин замина солҳои охир иқдомҳои зиёд дар ин самт амалӣ шуда истодаанд.

Зимни маросими ифтитоҳи роҳи мазкур қайд гардид, ки бо ҳамин гуна рӯҳияи созанда сокинони деҳаи Лоҳутии ҷамаоти деҳоти Истиқлол тавонистанд, ки то имрӯз ҳудуди 2 килметр роҳи мошингарди деҳаашонро мумфарш карда, ба талаботи ҳаракати воситаҳои нақлиёт мусоид гардонанд.

Раванди корҳои навсозӣ дар роҳи мошингарди деҳаи Лоҳутии ҷамаоти деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун тавассути қувваи сокинони маҳал ва техникаву мутахассисони идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия анҷом дода шуда, ба сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус дода шудааст.

Раиси вилоят иқдоми пешгирифтаи ташаббускоронро аз сиёсати хирадмандона ва ободгаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карда, саҳми онҳоро дар рушду пешрафти як гушаи диёр шоиста арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун аз ҳамдигар таҷриба карда, пайи ҳам роҳҳои ҳудуди деҳу маҳаллаҳоро тавассути ҳиссагузории дастаҷамъона мумфарш карда, ҳамчунин ҷароғонкунӣ, навсозии ҷуйборҳои обпартои канори роҳҳо ва дигар амалҳои марбутаро анҷом медиҳанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles