ИФТИТОҲИ РОҲИ МУМФАРШНАМУДАИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА ДАР ДЕҲАИ НАВОИИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БО МАСОФАИ 1,4 КИЛОМЕТР

ИФТИТОҲИ РОҲИ МУМФАРШНАМУДАИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА ДАР ДЕҲАИ НАВОИИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БО МАСОФАИ 1,4 КИЛОМЕТР

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои ҷашни фархундаи миллат, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, имрӯз, 1 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати боздид ва ифтитоҳи як қатор иншоот, омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои фаъолияти самарбахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, нашъунамо ва ҷамъоварии ҳосили зироати парваришгардида, аз ҷумла, сабзӣ ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом доданд.

Нахуст раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар деҳаи Навоии ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ роҳи мумфаршгардидаи аҳаматияти маҳалидошта, ки масофаи 1,4 километрро дар бар мегирад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тарве иброз гардид, иқдоми мазкур дар заминаи сиёсати бунёдокоронаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини шароити арзандаи кору рӯзгор дар деҳоти малмакат пеш гирифта шуда, дар амалигардии он сокинону соҳибкорони баору номус ва шахсони саховандманд дар ин кори хайру ободонӣ ҳиссагузорӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки таъмиру азнавсозии роҳи мошингард бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва ҷалби мутахассисони соҳаву техникаҳои муосир анҷом дода шудааст.

Раиси вилоят бо сокинон суҳбати озод намуда, иқдоми онҳоро намунаи ибрат ва ташаббуси хайрхоҳона арзёбӣ намуданд.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон рушду нумуъ карда, дар ҳудуди он сохтмони даҳҳо иншооти таъиноташон гуногун дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва хизматрасониву фарҳангӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ин раванд бозгӯи сулҳу суботи пойдории меҳан ва Истиқлоли комили Ватан ба ҳисоб меравад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles