ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Имрӯз, 1 ноябр, дар зиминаи дастуру ҳидоятҳои раиятпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳалу фасл намудани мушкилот ва масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули шаҳрвандон доир гардид, ки дар он сокинони маҳал иштирок намуданд.

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷайҳун Шоҳаншоҳ Идибеков ба хотири тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ба унвонии раиси вилоят муроҷиат намуд.

Баъди баррасии масъалаи мазкур раиси вилоят ба масъулини соҳаи Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дастур доданд, ки дар муҳлати мушаххас мушкилоти ҷойдоштаро бартараф намуда, оид ба натиҷаи корҳои дар ин самт анҷомдода ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вилоят ва ҳамчунин, шаҳрвандони муроҷиатнамуда маълумоти муфассл пешниҳод намояд.

Дар идомаи қабули шаҳрвандон Мирзоюсуф Ниёзов, сокини ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, ҳамзамон, роҳбари ҶДММ Маркази тақсимоти яклухти Хатлон воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати ҷудо намудани қитъи замин барои бунёди гармхонаи муосир муроҷиат намуд.

Раиси вилоят зикр намуданд, ки тамоми масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа дар сатҳи ҷамоату ноҳияҳо ҳаллу фасли худро пайдо мекунанд, агар масъулони соҳа, роҳбарияти деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар иҷрои вазифаҳои барзиммадоштаи худ ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дошта бошанд.

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчунин, дигар сокинони ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба масоили ҳалталаби маҳал муроҷиат намуданд.

Аз ҷумла, Шариф Тоиров, сокини ҷамоати деҳоти Панҷ, ки дар зодгоҳи худ дар якҷҷоягӣ бо ҳамдеҳагон 20 синфхонаи нави иловагӣ бунёд намудаанд, аз роҳбарияти вилоят дархост карданд, то ин ки бинои таълимии навбунёдро бо мизу курсӣ ва аёнияту лавозимоти хониш кӯмак намоянд.

Ҳамин тавр, дар рӯзи қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Ҷайҳун 13 нафар сокинон бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти гуногуни иҷтимоӣ ва масъалаҳои ҳалаталаби маҳал бо раиси вилояти Хатлон рӯ ба рӯ суҳбат намуданд.

Зимни суҳбат масъулин иброз доштанд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои мавҷуда ва масъалаҳои мубрам, ки аз ҷониби муроҷиаткунандагон изҳор гардид, масъулони мақомоту соҳаҳои марбутаи ноҳияи Ҷайҳун ва вилояти Хатлон муваззаф гардидаанд. Иҷроиши саривақтии дастуру супоришҳои мазкур аз ҷониби роҳбарияти вилоят назорат карда мешавад.

Дар охир раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти нави истеҳсолӣ, омодагии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ ва ҷамъоварии ҳосили зиароати кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ба масъулини соҳа дастур ва супоришҳои Сарвари давлатро расониданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles