ИФТИТОҲИ РОҲИ МУМФАРШНАМУДАИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА ДАР ДЕҲАИ ОРЗУИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БО МАСОФАИ 1,2 КИЛОМЕТР

ИФТИТОҲИ РОҲИ МУМФАРШНАМУДАИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА ДАР ДЕҲАИ ОРЗУИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БО МАСОФАИ 1,2 КИЛОМЕТР

Имрӯз, 1 ноябр, 1,2 километр роҳи аҳамияти маҳалидоштаи деҳаи Орзуи ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун, ки солҳои зиёд ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт, бо ҳисагузории соҳибкорон ва тариқи ҳашари дастаҷамъонаи сокинон пурра ва хушсифат мумфарш гардидаст, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба ҳамин монанд имрӯзҳо дар ҷамоати деҳоти Қумсангир сокинон ба таъмиру мумфаршкунии роҳҳои мошингард машғул буда, мақсад доранд, ки чунин амалҳои ободониро дар рушди деҳот вусъат бахшанд.

Иқдоми мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ва тақвияти сӯҳбату вохӯрию корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз ҷониби гуруҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷайҳун бо аҳли ҷомеа арзёбӣ мешавад.

Сокинони деҳот аз анҷоми чунин тадбири ободонӣ, ки барои рушди маҳал, махсусан ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёт дар ҳама фаслҳол сол мусоидат мекунад, хушнуд гардида, ҳавасмандиву омодагии хешро барои амалӣ намудани дигар корҳои созандагӣ баён доштанд.

Тибқи иттилоъи масъулини соҳа соли равон дар ноҳияи Ҷайҳун 14 километр роҳи мошингард бо мусоидати масъулини МИҲД ва Идораи давлатии нигоҳдории роҳҳои афтамабилгарди ноҳия аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатманд пурра ва хушсифат таъмиру мумфарш ва даҳҳо километри дигар сангфар гардида, барои гузаронидани таъмири асосӣ омода карда шудааст, ки маҷмуан маблағи он 7 миллиону 506 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳадафи сокинону соҳибкорони ноҳияи Ҷайҳун ба беҳтарсозии инфрасохтори зарурӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва фароҳам овардани шароити кору зиндагии шоиста равона гардидааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles