ВОХУРИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО НУЖДИН ОЛЕГ НИКОЛАЕВИЧ

Имрӯз муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода бо муовини директори генералии Муассисаи давлатии буҷетӣ “ Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар шаҳри Москва Нуждин Олег Николаевич мулоқот баргузор намуданд. Муовини раис меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрмақдам гуфта, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои ҳамкориҳои созанда ҳамеша омодааст.
Олег Нуждин гуфт мақсади сафараш ба вилояти Хатлон ин ташвиқу тарғиби намояндагии муассисаи давлатии буҷетӣ “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират”-и Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои Тоҷикистон мебошад. Муҳоҷирони тоҷик аз ин баъд метавонанд дар Душанбе ҳуҷҷатҳои худро омода карда баъдан ба Руссия сафар кунанд. Ҳамчунин мо имкон дорем, ки дар ҳаминҷо истода барои мутахассисони тоҷик дар Руссия кор пайдо кунем. Ширкату корхонаҳои руси, ки ба коргари кироя эҳтиёҷ доранд ё намояндагияшонро ба инҷо мефиристанд ва ё тариқи онлай бо мутахассисон суҳбати қабл аз қабул ба корро мегузаронанд.
Акрам Сулаймонзода иқдоми кушодани намояндаги маркази номбурдаро хуб гуфта, илова кард, ки барои мо муҳим бехатарии шаҳрвандони мо дар қаламрави Руссия мебошад. Ҳамзамон дар ин вохӯри гуфта шуд, ки агар кори намояндаги хуб шавад ва бо фароҳам омадани шароит эҳтимол дар маркази вилояти Хатлон низ филиали ин намояндагӣ кушода шавад.

Related Articles