ҶАЛАСАИ ТАҲЛИЛИЮ НАТИҶАГИРӢ ДАР СОҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз, дар толори маҷлисии Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи таҳлилию натиҷагирии соҳаи амволи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори идораи мазкур Усмонзода Исфандиёр, муовинони сардор, мудирони шуъбаву бахшҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолият ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, суръатбахшӣ ба ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 43 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 863,0 миллион доларро ташкил карда, ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят равона гардидааст.
Ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида шуда, дар давраи нимсола 41,5 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 39,6 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Ба вилояти Хатлон аз 26 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия 40,6 фоиз, Чин 35,6 фоиз ва Эрон 18,5 фоиз рост меояд.
Инчунин, дар нимсолаи аввали соли равон дар ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритус, Восеъ, Муъминобод, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Фархор, Носири Хусрав ва Абдураҳмони Ҷомӣ умуман сармояи хориҷӣ ворид нагардидааст.
Дар рафти ҷаласаи ҷамъбастӣ гуфта шуд, ки дар ин давра сармоягузорону соҳибкорони вилоят дар зиёда аз 5 форуму намоишҳои тиҷоратӣ ширкат варзида, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 41 шартномаю ёдоштҳои тафоҳум ба маблағи беш аз 56 миллион сомонӣ ба имзо расониданд. Бояд гуфт, ки ҳарчи бештар пешбинӣ гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ, кам кардани ҳуҷҷатҳои барасмиятдарории фаъолияти соҳибкорӣ имкон медиҳад, ки соҳибкорон сармояи худро барои бунёди иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ равона намуда истодаанд.
Дар қисмати дигари ҷаласа суолу ҷавоб ва ҳисоботдиҳии мудирони шуъбаву бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Оид ба раванди корӣ ва натиҷаҳо, инчунин мушкилоти ҷойдоштаи соҳа дар сатҳи шаҳру навоҳӣ изҳори назар намуданд. Сардори раёсати номбурда Усмонзода Исфандиёр баҳри мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва расидан ба натиҷаҳои назарраси соҳа масъулинро вазифадор кард.

Related Articles