МОДАР БО ҲАМА БУЗУРГӢ ҚАДРШИНОС АСТ.

Дар ҳошияи суханронии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар вохурӣ бо ҷавонони фаъоли вилояти Хатлон 22 майи соли 2023 бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон
Мафҳуми ватан-модар барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан Қиммату манзалати арзишманд доранд.
Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд:
“Зан-модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи садоқату муҳаббат мебошад. Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, уро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсуи зиндагӣ дуои нек медиҳад.
Ватан-макони муқаддас, зодгоҳ, марзу буми арзишманде, ки ба инсон ба дунё омада, ба камол мерасад ва тафаккури фитрӣ ва ҳисси худшиносиаш ташаккул ёфта, ҳамчун шахсият ба камол мерасад.
Вобаста ба алоқамандии хосу ногусастании ин ду арзиши олӣ ҳар хизмате, ки мо барои Ватан мекунем, хизмат ба модар аст ва ҳар хиёнате, ки нисбат ба Ватан сар мезанад, хиёнат нисбат ба модар мебошад.
Зеро модар рамзи Ватан аст!
Бо дарки васеи ин ду рисолати инсониву ватандорӣ модарони мо бо эҳсоси ба худ хос дарк менамоянд, ки вазифаи онҳо пеш аз ҳама тарбияи фарзандони босаводу донишманд, ватандусту ватанпараст буда, анҷоми ин рисолати олӣ на танҳо оиларо устувор нигоҳ медорад, балки дар таъмини суботи ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Модарон аз муваффақияти фарзандон ҳамеша ифтихор менамоянд. Зеро ин ифтихор натиҷаи заҳмату талош, афкору андеша ва маҳсули зиндагии якумраи онҳо аст. Ин нуқтаро андешаи модароне, ки ҳатто дар лаҳзаҳои душвортарини андуҳи гарони аз даст додани фарзанд қарор дошта, дар роҳи ҳифзи ин хоки муқаддаси аҷдодӣ боз ҳам омодагии худро изҳор менамоянд, борҳо собит намудааст.
Барои ҷоннисорӣ, хизматҳои беминнат ва сарфи умри босамар намудани модарон дар роҳи тарбияи фарзандон зимни мулоқот бо ҷавонони фаъоли вилоят раиси вилояти Хатлон Давлатӣ Саид саҳми модаронро дар тарбияи ватанпарастии фарзандон муҳим ва меҳварӣ арзёбӣ намуданд.
Ҷавонон қишри ояндасози давлат ва неруи тавоно буда, рушди боэътимоди кишвар аз фаъолияти босамари онҳо вобастагии комил дорад. Бо боварӣ ва эътимод ба неруи пешбарандаи онҳо айни замон дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ҳушманду боирода ва дорои тафаккуру андешаи комил содиқона хизмат намуда, қарзи ватандорӣ ва рисолати инсонии худро дар назди давлату миллат сарбаландона иҷро намуда истодаанд.
Ин ҷавонони соҳибирода ва фарзандони содиқи ватан парвардаи домони поку муқаддаси модаранд ва ҳимояи модар – ватанро аз ҳама манфиатҳои фардӣ ҳамеша боло мегузоранд.
Вобаста ба ин, бо таъкид аз ташвишовар боқӣ мондани авзои сиёсии ҷаҳон зимни вохурӣ бо ҷавонони фаъоли вилоят гуфта шуд, ки занону модарони мо бо дарки ин таҳдиду хатарҳои чаҳонӣ вазифадоранд аз хурдӣ дар ниҳоди фарзандони худ ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ ва муҳаббати ватандориро бедор намуда, онҳоро ҳадафмандона ба роҳи дурусту бехатар раҳнамоӣ намоянд. Ҳамзамон бо назардошти вазъи печидаи ҷаҳони муосир пеш аз ҳама фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро, ки яке аз омилҳои ба миён омадани падидаи хатарзои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ мегарданд, дуруст омузанд ва аз сатҳи андухтани илму дониш ва забономузии онҳо ҳаргиз ѓофил набошанд.
Зеро танҳо модар қудрату тавон дорад дар вуҷуди фарзандон муҳаббати ватандорӣ, нангу номус ва ѓурури миллиро бедор намуда, дарки ин мафҳумҳои баланди миллиро дар маѓз андар мағзи ҷони онҳо ҷой диҳад.
Дар пайравӣ ба эътимоду боварии Пешвои муаззами миллат ба нақши меҳварии занону модарон дар тарбияи ватандустӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии ҷавонон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид изҳор доштанд, ки:
“Дар назди ҳамаи модароне, ки фарзандонро дар руҳияи ватандустӣ тарбия кардаанд, сари таъзим фуруд меорам”.
Занону модарони вилояти Хатлон ба эҳтирому эътиқоди Пешвои муҳбуби миллат нисбат ба занону модарон, ҳамзамон ба самимияти хоси раиси вилоят ҷиҳати дарки масъулияти баланди тарбияи фарзандон дар руҳияи худшиносии миллӣ мавқеи устувор доранд ва ин қадршиносиро маҳсули тарбияи Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат унвон менамоянд.
Ин ҳадафи комили модарона зимни мулоқоту вохурӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бо самимияти баланд изҳор карда мешавад.
Ин воқеият аст, ки занону модарони иродатманди тоҷик ҳар лаҳза бе назардошти шабу рузи мавридшиносӣ омодаанд, ки барои ҳифозати марзу буми ватани шукуфони Тоҷикистон сипари боэътимод бошанд.
Мусаллам аст, ки занону модарон, аз ҷумла модарони хатлонӣ дорои маърифати комил, ҳисси баланди худогоҳию хештаншиносӣ, дониши мукамали фитрӣ, иродаи тавоно ва фаросату назокати хос ҳастанд.
Ҳар як дастури раҳнамосози Пешвои миллат ва дар ин замина боварию эҳтироми раиси вилоят Давлаталӣ Саидро бо ҳисси баланди масъулият дарк намуда, ҷиҳати иҷрои ҳатмии тамоми ҳадафҳои олии ояндасози миллӣ дар сафи аввал мавқеи меҳварӣ доранд.
Абдусаломзода Анзурат
Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Related Articles