Левакант: Ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №5

Соҳаи маориф дар сиёсати роҳбарияти ҳукумати кишвар аз соҳаҳои муҳиму пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Левакант, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон», 5-синфхонаи иловагӣ ва як майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими баистифодадиҳии синфхонаҳои иловагӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоб-Чилазода Қарахон, муовини раиси вилояти Хатлон-Файзуллозода Заробиддин, раиси шаҳри Левакант-Файзиддинзода Бунафша, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон-Сафарзода Ғазалшоҳ, ва дигарон иштирок доштанд. Ҳамзамон масъулин зимни баистифодадиҳии синфхонаҳо аз шароиту имкониятҳо дидан намуда, аз ташаббускорону бунёдгузорон изҳори сипос намуда, ба хонандагону омӯзгорон таҳсили хуб орзу карданд.
Боиси зикр аст, ки синфхонаҳои иловагии назди муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ва майдончаи варзишӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва саҳми кумитаи падару модар, сокинону шахсони саховатпешаи деҳаи Хурамдеҳ, мавриди истифода, қарор гирифта, аз ҷониби вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизу курси ва дигар лавозимот ҷиҳозонида шуда, барои 250-хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардори қарор гирифтааст. Инчунин сокинон азм доран, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолият дар кутоҳтарин фурсат бо ҷалби соҳибкорони маҳалӣ, падару модар, шахсони саховатпешаи деҳа, дар назди муассиса ошхона ва дигар иншоотҳои хизматрасон сохта ба истифода диҳанд.

Related Articles