Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент»

Боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент», воқеъ дар минтақаи саноатии Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон.
Коргоҳи мазкур дар минтақаи саноатии Ҷамоати деҳоти Даҳана дар базаи корхонаи ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ бунёд гардидааст.
Санги асоси коргоҳ 26 марти соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.
Маблағи умумии иншоот 350 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол истеҳсоли 30 млн метри мураббаъ гаҷкартонро ташкил медиҳад.
Дар баробари ба фаъолият шурӯъ намудани корхона 105 нафар шаҳрвандон бо кори мавсимӣ таъмин мегарданд.
Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ «Чжунгтсай моҳир семент» мебошад.

Related Articles