БОЗДИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ҶДММ «ХИМА ТЕКСТИЛ»

Дар идомаи сафар, иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ “Хима Текстил” воқеъ дар мавзеи истеҳсолии Ҷамоати деҳоти Даҳана боздид намуданд.
Корхонаи мазкур моҳи марти соли 2010 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Тибқи лоиҳа корхонаи мазкур иқтидори коркарди 2000 тонна нахи пахтаро доро буда, барои 175 ҷойи кории доимӣ пешбинӣ шудааст.
Тайи солҳои 2014 то моҳи октябри соли 2022 дар асоси шартнома барои корхонаи ҶДММ “Ваҳдат Текстайл” риштаи ресандагӣ истеҳсол менамуд Аз моҳи октябри соли 2022 инҷониб дар асоси шартнома бо ширкати “Текстил Тоҷикистон” ҳамкорӣ намуда, ба истеҳсоли риштаи ресандагӣ шуғл дорад.
Айни замон дар корхона 115 нафар шаҳрвандон ҳамчун коргар ба қайд гирифта шуда, аз сабаби аз тарафи ширкаи болозикр набудани фармоиш дар корхона 34 нафар кормандон ба корҳои таъмирӣ ҷалб гардидаанд.
Фаъолияти истеҳсолии корхона дар солҳои 2019-2022 чунин арзёбӣ мегардад: 2019 -15,9 млн. сомонӣ, 2020 -1,2 млн. сомонӣ, 2022-5,8 млн. сомонӣ, 2022-3,3 млн. сомонӣ.

Related Articles