Оғози сафари кории раиси вилоят ба ноҳияи Ёвон

Субҳи 25 феврал, сафари кории иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон оғоз гардид. Роҳбари вилоят нахуст аз фаъолияти фермаи чорвои калони гӯштии ҶДММ “Мармарӣ”, воқеъ дар деҳаи Даштободи Ҷамоати деҳоти “Обшорон” шинос гардид.
Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки иншооти мазкур ба маблағи 8,5 млн. доллари ИМА аз ҷониби ҶДММ «Мармарӣ» бунёд гардидааст.
Ҷамъияти мазкур барои пешбурди кори соҳа бо 750 га замини кишт аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Обшорон таъмин мебошад.
Масоҳати умумии сохтмони ферма 16 га-ро ташкил дода, 26 марти соли 2021 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Зикр гардид, ки дар соли 2022 дар ферма 760 тонна гӯшти хушсифат истеҳсол гардидааст.
Айни замон дар ферма 1200 сар чорвои калони гӯштӣ парвариш ёфта истодааст.

Related Articles