ҲАМАДОНӢ. ВОХӮРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОН

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид баъди аёдати собиқадорони меҳнат тибқи нақша дар толори маҷлисгоҳи Филармонияи давлатии ба номи Одина Ҳошими ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо фаъолон ва соҳибкорон вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар оғоз Давлаталӣ Саид оид ба пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рафти корҳои иҷрошуда дар соли сипаригардида суханронӣ намуда, фаъолияти баъзе самтҳои кишоварзӣ ва саноатро дар ноҳия қаноатбахш ҳисобид. Инчунин, дар рафти суханронӣ аз дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти некуаҳволии халқи мамлакат, аз корҳои созандагию ободонӣ, ки дар ҷашнгирии 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба вуқӯъ омад, ҳарф зад. Аз ҷумла қайд намуд, ки мардуми заҳматкаши ноҳия дастуру супоришҳои Сарвари давлатро, ки доимо дар суханрониашон таъкид мекунанд, ин захира кардани хӯрокаи 2 сола, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, якдилонаю самимӣ ва бо масъулият фаъолият кардани ҳар як шаҳрванд дар вазифаи ба уҳдадошта, тарбияи ватандӯстию меҳнатпарастии ҷавонон, тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯзаи давлату ҳукуматро бори дигар таъкид сохт.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид дар вақти вохӯрӣ таклифу пешниҳоди соҳибкорони ноҳияро шунид, ки оид ба масъалаҳои гуногун ба мисоли дастгирӣ дар самти ҷалби сармоягузорӣ ва омӯзиши соҳибкорон дар таҳияи нақшаи тиҷоратӣ изҳори назар намуданд.
Раиси вилоят ҳар як сухани муроҷиаткунандро шунида, ба масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод ва оид ба рафти иҷроиши онҳо роҳбарони кумита ва муассисаҳои дахлдорро барои назорати ҷиддӣ бурдан дар ин самт, муваззаф намуд.
Аз ҷумла, дар суханрони худ дар бораи дастгирӣ дар самти тоза кардани заҳкашу заҳбурҳои назди хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, таҷдиди хоҷагии ниҳолпарвар, таъмири пойгоҳи обкашӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, тақвият дар самти бахши хусусӣ, таъсиси муассисаҳои хусусии томактабӣ ва тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар масъалаҳо изҳор намуд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид оид ба проблемаҳои мавҷуда дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии ноҳия, аз ҷумла дар соҳаи маориф, норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷроиши даъвати ҳарбӣ, назорати танзими расму русум ва ҷашнҳои миллӣ аз тарафи бахши танзими расму русум ва анъанаҳои миллии ноҳия, қабули арзу шикоятҳои мардум аз тарафи бахши ҳукумати ноҳия ба роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор барои бартараф кардани ин проблемаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Related Articles