Давлаталӣ Саид: «Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро сазовор истиқбол мегирем»

Дар идомаи сафари корӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҷмааи “Офтобак” бо роҳбарияти ноҳия, соҳибкорону фаъолон ва сокинон вохурӣ доир намуданд.
Нахуст раиси ноҳияи Вахш оид ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия маълумоти мухтассар пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мардуми заҳматқарин ва соҳибкорони боҳиммати ноҳия фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба роҳ монда соли 2022 як қатор дастовардҳоро ноил гардидаанд. Дар ноҳия ба истиқболи ҷашни 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 150 иншооти гуногунтаъинот ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома дорад. Заҳматкашони ноҳия дар рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузоранд ва дар дигар бахшҳои хоҷагии халқи вилоят аз ҷумла маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг низ тадбирҳои зиёде мавриди амал қарор дорад.
Сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳияро ба як қатор камбудиҳое, ки дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ҷой доранд, ҷалб намуд. Таъкид дошт, ки дар ноҳия оид ба татбиқи Лоиҳаи рушди соҳаи иқтисодиву иҷтимои дар давраи соли 2021-2025 корбариро вусъат бахшида, тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия ва аҳли ҳамоишро ба рушду тақвият бахшидани соҳаҳои кишоварзиву саноатӣ ҷалб намуда, даъват ба амал оварданд, ки дар доираи лоиҳаҳои амалишаванда фаъолият намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ноҳия ва беҳдошти рӯзгори сокинон мусоидат намоянд.
Тибқи иттиллои додашуда дар ҳудуди ноҳия татбиқи 9 Лоиҳаҳо ба маблағи 17 миллиону 46 ҳазор доллари амрикоӣ ба роҳ монда шуда, аз нигоҳи роҳбарияти вилоят ҳанӯз ҳам кор дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳо дар сатҳи зарурӣ қарор надошта, аз масъулон таваҷҷуҳи бештарро тақозо мекунад. Зимни ҳамоиш ҳамчунин таъкид гардид, ки дар заминаи татбиқи лоиҳаҳо корхонаҳои нави саноативу истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои нави корӣ барои сокинон фароҳам оварда шавад.
Ноҳияи Вахш яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзии вилоят ба ҳисоб меравад. Дар иртибот ба ин масъала аз он изҳори норозигӣ карда шуд, ки истеҳсоли гушт, шир, тухм ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест. Илова ба ин ҷиҳати тақвият бахшидани амалисозии барномаҳо дар самти кишоварзӣ бояд бештар корбарӣ карда шавад, зеро баландпоягии иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти рӯзгори сокинон аз рушди ин соҳаи таъминкунанда вобастагии зиёд дорад, афзуд иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят. Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи аҳли иштирокдорон ҷалб карда шуд, саҳми ноҳия дар саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳадафи чоруми роҳбарияти ҳукумати кишвар буд, ки дар ин маврид низ фикру ақидаҳо баён ва дастуру маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардид.
Ҳамчунин дар ҷараёни ин мулоқот як қатор масъалаҳои ҳалталаб, — сарфакорона истифода намудани нерӯи барқ, вусъат бахшидани корҳои бунёдӣ дар иншооти сохташаванда, таъмиру тармими роҳҳо, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, таъмин намудани соҳаҳои маорифу тандурустӣ бо мутахассисони соҳа, ташкили марказҳои сайёҳӣ фароҳам овардани имконияту шароити мусоид барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, тарбияи дурусти насли наврас, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон , тарбияи ҳарбӣ ватандустии ҷавонон изҳори назар карда шуд.

Related Articles