ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ ЗАРНИСОРИ НОҲИЯИ ДӮСТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 29 октябр, дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Зарнисори ҷамоти деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ бунгоҳи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.
Гуфта шуд, ки иншооти мазкур барои муроҷиати шаҳрвандон ва пешгириву табобати сокинони деҳа аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии хариявии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 740 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, он бо шароити лозима ва техникаву таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст.
Бунёди бунгоҳи тиббӣ дар доираи истиқболи арзанда аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, он баҳри сокинони деҳаи Зарнисор ва гирду атрофи он пешбинӣ гардидааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ба истифода додани иншоот бо табибон ва аҳли деҳа суҳбат намуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳоро дар деҳот баҳри сокинон муҳайё намуда истодаанд, то ки мардум дар деҳот зиндагии орому осуда дошта бошаду фарзандонро баҳри боз ҳам гулгулшукуфои меҳани азизамон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба воя расонанд.
Раиси вилояти Хатлон дар ҷараёни суҳбат бо сокинону табибон бори дигар аз иқдому ташабусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти корҳои ободониву созандагӣ ёдовар шуда, ба масъулин ва аҳли ҷамоатчигӣ баҳри бунёди иншооти соҳаи тандурустӣ изҳори миннатдорӣ карда, барои идома додани чунин бунёдкориҳо дастуру тависяҳои судманд доданд.
Аҳли деҳот дар навбати худ аз бунёду ба истифода додани чунин иншооти тиббӣ изҳори хушнудӣ намуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бунёду ба фаъолият пардохтани чунин иншооти наву замонавӣ дар деҳот мушкилоти сокинонро бартараф хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

