ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ БАРОИ 180 КӮДАК ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Имрӯз, 29 октябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ бинои муассисаи таълимии томактабии рақами 3-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонов Бекмурод Холов аз нав бунёд гардида, барои ба таълим фаро гирифтани 180 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Зимни ба истифода додани муассисаи мазкур раиси вилояти Хатлон ба масъулин ва соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди чунин як муассисаи наву замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуда, бунёди чунин муассисаро идомаи иқдому ташабусҳои созандаи Роҳбарияти Олии мамлакат маънидод карданд.
Дар муассисаи томактабии навбунёд синфхонаҳои таълимӣ, утоқҳои хоб бо катҳои наву замонавӣ, ошхона ва толори бозӣ барои кӯдакон муҳайё буда, муассиса дар таълиму тарбияи насли навраси деҳаи Ғалаба ва қисман деҳаҳои марказӣ саҳми бағоят калон хоҳад гузошт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо масъулини ноҳия, кормандони соҳаи маориф ва ташаббускорон суҳбати озод намуда, онҳоро барои пешбурди кори соҳаи илму маориф, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид доштанд, ки ноҳияи Дӯстӣ бо қомат афрохтани бинову иншооти маишиву хизматрасонӣ рӯз то рӯз симои худро куллан дигаргун карда, ободу зебо гашта истодааст, ки ин аз ҳамкории босамари соҳибкорони маҳаллӣ дар амалӣ гаштани иқдому ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

