БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНИИ ҶСП “ҶУНТАЙ ХАТЛОН СИНСИЛУ” ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНИИ ҶСП “ҶУНТАЙ ХАТЛОН СИНСИЛУ” ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

Имрӯз, 29 октябр, зимни сафари кори ба ноҳияи Дӯстӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи “Ҷунтай Хатлон Син-Силу” дидан карда, бо масъулин ва роҳбарияти корхонаи мазкур оид ба ҷамъоварӣ ва коркарди ин ашёи хоми ватанӣ суҳбат намуданд. Инчунин, аз фаъолияти бахшҳои алоҳидаи истеҳсолии корхонаи мазкур аз наздик шинос шудаанд.

Корхонаи Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи “Ҷунтай Хатлон Син-Силу” яке аз калонтарин корхонаҳои қабул ва коркарди пахта дар вилояти Хатлон ба шумор рафта, зиёда аз 4 ҳазор гектар замин дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ёвон барои кишту парвариши пахта дар ихтиёр дорад, ки пахтаи киштнамудаи онҳо бо усули полиэтиленӣ ба роҳ монда шуда, тариқи қатрагӣ обёрӣ карда мешавад.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур дар баробари қабул ва коркарди пахта, ҳамзамон сехҳои хурди коркарду истеҳсоли тухмии хушсифати пунбадона, қубурҳои резинӣ ва плиёнка барои кишти пунбадонаро истеҳсол менамоянд.

Корхона дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд соли гузашта қисман хоҷагиҳои пахтакорро бо тухмии хушсифати пунбадонаи навъҳои Дӯстӣ-2 ва Дӯстӣ-3 таъмин карданд.

Тибқи иттилои масъулин дар корхона то ба имрӯз аз ҳосили пахтаи имсола 500 тонна тухмии хушсифати пунбадона коркард карда шудааст, ки барои кишт омода мебошад.

Корхонаи Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи “Ҷунтай Хатлон Син-Силу” имсол бояд зиёда аз 3 ҳазор тонна тухмии хушсифати навъҳои Дӯстӣ-2 ва Дӯстӣ-3-ро истеҳсол намояд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба истеҳсоли тухмиҳои хушсифат, қубурҳои резинӣ ва плиёнкаи ин корхона баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон имсол бояд дар майдони 50 ҳазор гектар аз тухмиҳои хушсифати пумбадонаи ин корхона дар кишту парвариш истифода карда шавад, то деҳқон ҳосили дилхоҳ ба даст орад.

Имсол 20 ҳазор тонна ашёи хоми пахта ба Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи “Ҷунтай Хатлон Син-Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ нақшабандӣ карда шуда, онҳо дар натиҷаи риояи агротехникаи парвариши истифодаи тухмиҳои хушсифат имсол аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 50 сентнер ҳосил ба даст оварда, дурнамои истеҳсолиро дар ин самт саривақт таъмин карданд.

Айни замон дар корхонаи мазкур зиёда аз 6 ҳазор тонна пахта коркард шуда, барои истеҳсоли молу маҳсулот ба корхонаҳои истеҳсолӣ омода карда шудааст.

Мутахассисони корхона қайд карданд, ки тамоми техникаву таҷҳизоти корхона барои коркард ва истеҳсоли дигар ашёву лавозимот аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сифати баланд ворид ва насб карда шудааст, ки иқтидори корхона танҳо барои коркарди пахта дар як шабонарӯз аз 250 то 300 тоннаро дар бар гирифта, маҳсулоти коркардшуда барои истеҳсол ва омода кардани маҳслоти пахтагин ба корхонаи нассоҷии “Ҷунтай Данғара Текстил Син – Силу” равона карда мешавад.

Танҳо дар Корхонаи Ҷамъияти Саҳомии Пушидаи “Ҷунтай Хатлон Син-Силу” дар ноҳияи Дӯстӣ 360 нафар бо ҷои кори доимӣ ва 1600 нафар ба корҳои мавсимӣ ҷалб карда шудаанд.

Дар маҷмуъ, раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи мазкур ва ҳамкорӣ бо МИҲД-и вилояти Хатлон ва ноҳияи Дӯстб изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳамкориро дар ин самти соҳаи кишоварзӣ бо шарикони чинӣ бештар ба ба роҳ монда, дар усули нави кишти пунбадонаи зери плиёнка марҳила ба марҳила бо бардоштани ҳосили баланд ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles