ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МУМФАРШНАМОИИ РОҲИ МАҲАЛЛӢ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Носири Хусрав, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои мумфаршнамоии роҳи маҳаллӣ дар деҳаи Зарзамини ҷамоати деҳоти Тахти Хусрав шинос шуданд.

Роҳе, ки мавриди навсозӣ қарор гирифт, 4 километрро ташкил медиҳад. Корҳои азнавсозии роҳи мазкур бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ анҷом дода шуда, ин иқдом ҳамчун намунаи возеҳи ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳанпарастии аҳолӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳангоми боздид, раиси вилоят бо сокинони маҳалла суҳбати озод анҷом дода, барои саҳми шоистаи онҳо дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles