БОЗДИД АЗ ГАРМХОНАИ ШАҲРВАНД АБДУРАҲМОНОВ АЗАМАТ

Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Қубодиён аз гармхонаи шаҳрванд Абдураҳмонов Азамат, сокини деҳаи чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов дидан намуд. Гармхона дар майдони 1 га бунёд гардида, бо технологияи муосири парвариши сабзавот таъмин мебошад.
Айни замон дар гармхона 30 ҳазор бех ниҳоли помидор дар давраи гулкунӣ қарор дорад. Дар гармхона вобаста ба мавсим то 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб мегарданд.
Соли гузашта дар киштҳои умумии дар гармхона гузаронидашуда 61 тонна ҳосил, аз ҷумла 36 тонна помидор, 25 тонна бодиринг ҷамъоварӣ карда шуд. Шаҳрванд Абдураҳмонов А. нақша дорад, ки майдони гармхонаро васеъ намуда, шумораи кормандонро зиёд гардонад.
Раиси вилоят ба кору фаъолияти ин марди заҳматқарин, ки бо маҳсулоти тару тозааш, ки дар фаровонии бозорҳои дохили саҳм мегузорад баҳои баланд дода ва пешниҳод намуд, ки чунин бунёди гармхонаҳоро зиёд намояд ва ин таҷрибаро дар байни ҳамдеҳагон омӯзонад тавсиҳо диҳад то онҳоҳам тавонанд дар заминиҳои наздиҳавлигӣ сохтани гармхонаҳоро ба роҳ монанд ва нагузоранд, ки то як ваҷаб замини ҳосилхезро холи монанд.

Related Articles