Дар таълиму тарбияи фарзанд ҳама масъулем

Рӯзи 31 январи соли 2023 дар асоси ҷадвали баргузории вохуриҳо вобаста ба ҷиноят ва худкушӣ, додани таълимоти ғайрирасмии динӣ, ба шавҳар додани духтарони ба сини никоҳи нарасида ва ба дигар амалҳои номатлуб даст задани ноболиғон дар якҷоягӣ бо Раёсатҳои ҷовонон, кор бо занон ва оила, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят, Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқвайрокуниҳо миёни ҷавонону ноболиғони РВКД дар вилоят бо омӯзгорон, директорони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, намояндагони дин дар ноҳияи Кӯшониён Ҷамоати деҳоти “Заргар”, деҳаи “Обшорон” дар МТМУ №71 вохурӣ доир карда шуд. Зимни вохурӣ баромадкунандагон вобаста ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» суханронӣ намуда, даъват бар он намуданд, ки ҳамагон дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд аҳамияти ҷидди дода, наврасону ҷавононро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намоянд.

Related Articles