КӮШОНИЁН: БОЗДИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ПАХТАИ «ИФТИХОРИ ВАТАН» ВА ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ РАВҒАНБАРОРӢ

Кӯшониён, 8 октябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Ифтихори Ватан» боздид намуда, коргоҳи нави равғанбарории онро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи коркарди пахтаи ҶДММ «Ифтихори Ватан» дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ҷойгир буда, муассиси он Раҳмонов Анвар мебошад. Корхона аз моҳи декабри соли 2023 ба фаъолият оғоз намуда, дар рушди саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа саҳм мегузорад.

Масоҳати умумии корхона 1000 метри мураббаъро ташкил дода, он аз 4 коргоҳ иборат мебошад. Дар корхона 20 нафар корманд ба таври доимӣ бо ҷойи кор таъмин буда, иқтидори истеҳсолии он барои коркарди то 5000 тонна пахта дар як сол пешбинӣ шудааст.

Дар дохили корхона коргоҳи равғанбарорӣ низ бунёд гардидааст. Коргоҳи нав барои коркарди 15 тонна чигит дар як шабонарӯз пешбинӣ шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 8 ҷойи нави кории доимӣ таъсис дода мешавад.

Ба истифода додани коргоҳи равғанбарорӣ барои коркарди амиқи маҳсулоти пахта, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ замина фароҳам меорад.

Зимни боздид таъкид гардид, ки истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва рушди корхонаҳои саноатӣ аз омилҳои муҳими рушди иқтисодии ноҳия ба ҳисоб мераванд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles