ФАРХОР, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ноҳияи Фархор бинои маъмурии шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншоот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров, роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Бинои нави маъмурӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандони сохтор ва таҳкими заминаи моддию техникии мақомоти назорати маводи нашъаовар бунёд гардидааст. Иншоот дорои инфрасохтори зарурӣ буда, барои иҷрои босамари вазифаҳои хизматӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору истироҳати кормандон имкониятҳои заруриро муҳайё менамояд.
Дар дохили бино 8 ҳуҷраи корӣ, 5 ҳуҷраи хоб барои 9 нафар, маҷлисгоҳи асосӣ ва маҷлисгоҳи хурд, толори варзишӣ, бойгонӣ, ду анбор ва ошхона ҷойгир шудаанд. Тарҳи бино бо дарназардошти талаботи фаъолияти хизматӣ ба роҳ монда шуда, барои баргузории вохӯриҳо, машваратҳо ва дигар чорабиниҳои корӣ низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, дар қисми алоҳидаи бино қисми навбатдорӣ бо ҳуҷраи истироҳату хоби навбатдорон ташкил гардидааст. Барои нигоҳдории силоҳу аслиҳа ва далелҳои шайъӣ ҷойҳои махсус пешбинӣ шуда, талаботи дахлдори амниятӣ ба назар гирифта шудааст.
Яке аз бахшҳои муҳими иншоот ҳуҷраҳои нигоҳдории муваққатии шахсони дастгиршуда мебошанд. Барои ин мақсад ду ҳуҷраи махсус бо ғунҷоиши то 4 нафар ва майдони алоҳида барои сайру гашти онҳо пешбинӣ гардидааст. Инчунин, дар бино ҳуҷраи махсус барои гузаронидани пурсиш ва дигар чорабиниҳои дахлдори хизматӣ мавҷуд мебошад.
Бо мақсади таъмини шароити муносиб дар фасли сармо ва нигоҳдории ҳарорати зарурӣ дар дохили бино, дар ҳудуди иншоот системаи гармӣ насб гардидааст. Дар саҳни иншоот инчунин ду ҳуҷраи ёрирасон ва анборхона бунёд шуда, барои нигоҳдории ашё ва таҷҳизоти зарурӣ истифода мешаванд.
Барои таъмини низоми дахлдори амниятӣ ва танзими вуруд ва баромади кормандон дар иншоот нуқтаи назоратии гузаргоҳ ташкил гардидааст. Ҳамчунин, барои ҷойгир намудани воситаҳои нақлиёти хизматӣ ду таваққуфгоҳ дар саҳни бино пешбинӣ шудааст.
Таъмини сохторҳои Агентии назорати маводи нашъаовар бо чунин иншооти замонавӣ дар таҳкими заминаи моддию техникӣ, беҳтар гардидани шароити хизматӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди корӣ барои кормандон аҳамияти муҳим дорад. Зеро фаъолияти самараноки сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини тартибот аз сатҳи омодагӣ, шароити хизматӣ ва бо таҷҳизоту инфрасохтори зарурӣ таъмин будани онҳо вобастагии бевосита дорад.
Дар маҷмуъ, бинои нави маъмурии шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор бо фароҳам овардани шароити муосири корӣ, маишӣ ва хизматӣ барои фаъолияти пурсамари кормандони сохтор заминаи зарурӣ гузошта, ба таҳкими имкониятҳои хизматии он мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

