ФАРХОР, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар деҳоти Истиқлоли ноҳияи Фархор раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров ва масъулони дахлдор корхонаи нави коркарди сангу шағал мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Мумин Ятимов бунёд гардида, дар масоҳати умумии 1 гектар замин ҷойгир мебошад. Ба фаъолият оғоз намудани чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар заминаи рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи маҳаллӣ барои рушди саноат ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Корхона бо таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ таъмин буда, айни замон қум ва ду навъи шағал истеҳсол менамояд. Маҳсулоти истеҳсолшаванда асосан барои корҳои сохтмонӣ истифода гардида, метавонад талаботи корхонаҳои сохтмонӣ ва аҳолиро ба ашёи хоми зарурӣ таъмин намояд.
Таъкид гардид, ки роҳандозии истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар дохили ноҳия барои рушди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ низ имкониятҳои бештар фароҳам меорад. Истеҳсоли маҳаллии қуму шағал ба коҳиш додани масофаи интиқоли ашёи хом, сарфаи хароҷоти нақлиётӣ ва сари вақт таъмин намудани иншооти сохтмонӣ бо маводи зарурӣ мусоидат карда метавонад.
Яке аз натиҷаҳои муҳими ба фаъолият оғоз намудани корхона таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Дар марҳилаи корҳои сохтмонӣ барои бунёди иншоот зиёда аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд. Бо ба истифода додани корхона бошад, 20 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, бо маоши муносиб таъмин шудаанд.
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар деҳот барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодии оилаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нави даромад барои сокинони маҳаллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

