ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР МЕҲМОНХОНА ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

ФАРХОР, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар маркази ноҳияи Фархор меҳмонхонаи замонавӣ ва маркази хизматрасонӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров, роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулин мавриди истифода қарор дода шуд.

Бунёд ва ба истифода додани иншооти мазкур қадами навбатӣ дар самти рушди инфрасохтори хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои қабули меҳмонон ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти чунин иншоот дар маркази ноҳия барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ мусоидат менамояд.

Меҳмонхонаи навбунёд дорои 8 ҳуҷра ва 24 ҷойи хоб буда, бо мақсади қабули меҳмонон ва фароҳам овардани шароити муносибу мусоиди будубош пешбинӣ гардидааст. Ташкили чунин шароити муосир дар маркази ноҳия, аз ҷумла барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва шахсони барои кору фаъолият ба ноҳия воридшаванда, аҳамияти муҳим дорад.

Ҳамзамон, дар ошёнаи якуми меҳмонхона маркази хизматрасонӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он 4 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Таъсиси чунин ҷойҳои корӣ барои сокинони маҳаллӣ имконияти нави шуғлро фароҳам меорад.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои иншоот таъкид гардид, ки рушди соҳаи хизматрасонӣ яке аз самтҳои муҳими иқтисоди маҳаллӣ буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон метавонад ба зиёд шудани ҳаҷми хизматрасониҳо ва беҳтар гардидани сифати онҳо таъсири мусбат расонад.

Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур бозгӯи дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳия мебошад. Татбиқи чунин иқдомҳо барои ободонии маркази ноҳия, рушди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles