ФАРХОР, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор дар мавзеи Уртабузи деҳоти Фархор корхонаи истеҳсоли бетони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сабр” ба истифода дода шуд.
Дар маросими ба истифода додани корхона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров, роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Ифтитоҳи корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ва рушди иқтидори саноатии ноҳияи Фархор рӯйдоди муҳим ба ҳисоб рафта, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи зарурӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Корхонаи истеҳсоли бетони ҶДММ “Сабр” бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Абдурасул Асламов дар масоҳати умумии 1 гектар бунёд гардидааст. Корхона бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, иқтидори истеҳсолии солонаи он ба 18 ҳазору 250 метри мукааб бетон баробар мебошад.
Таъкид гардид, ки роҳандозии истеҳсоли бетон дар дохили ноҳия имконият фароҳам меорад, ки эҳтиёҷоти соҳаи сохтмон ба маводи зарурӣ сари вақт таъмин карда шуда, вобастагӣ аз воридоти масолеҳи сохтмонӣ коҳиш ёбад. Ҳамзамон, мавҷудияти чунин корхонаҳо барои вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳия аҳамияти муҳим дорад.
Масъулин иброз доштанд, ки фаъолияти корхона метавонад ба рушди минбаъдаи корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳияи Фархор таъсири мусбат расонида, барои татбиқи босуръати лоиҳаҳои созандагӣ имкониятҳои бештар фароҳам созад. Зеро таъмини иншооти навбунёд бо масолеҳи сохтмонии истеҳсоли маҳаллӣ яке аз омилҳои муҳими рушди соҳа ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар корхона истеҳсоли тахтасангҳои бетонӣ низ ба роҳ монда шудааст. Ин маҳсулот барои мустаҳкам намудани соҳили дарёҳо ва ҳифзи минтақаҳои осебпазир пешбинӣ шуда, бахусус дар мавсими сербориш барои пешгирӣ аз шусташавии соҳилҳо ва коҳиш додани хатари обхезӣ истифода мегардад. Истеҳсоли чунин маҳсулот дар дохили ноҳия барои ҳифзи инфрасохтор ва заминҳои наздисоҳилӣ аҳамияти амалӣ дорад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи ҶДММ “Сабр” 22 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин гардиданд. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ барои баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии оилаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ барои сокинони ноҳия мусоидат менамояд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона таъкид гардид, ки рушди соҳибкории истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи маҳаллӣ аз самтҳои муҳими рушди иқтисодии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Дар ин замина, ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдурасул Асламов дар бунёди корхонаи истеҳсоли бетон намунаи саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди иқтидори истеҳсолии ноҳияи Фархор ва ободонии диёр арзёбӣ гардид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

