ФАРХОР, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор дар маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳраки Фархор муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникӣ» баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар маросими ба истифода додани иншоот раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, масъулони соҳаи маориф ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Таъмиру азнавсозии муассисаи таълимӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи “Барномаи рушди таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2029” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда шудааст.
Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Аъзамҷон” бо риояи талаботи меъёрҳои меъморию сохтмонӣ ва истифодаи масолеҳи муосир анҷом дода шуда, дар натиҷа барои омӯзгорону таълимгирандагон шароити муосири таълимӣ фароҳам оварда шудааст.
Бинои литсей аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои таълимии муҷаҳҳаз мебошад. Литсей дорои ҳашт синфхонаи фаннӣ, кабинетҳои алоҳида ва хонаи омӯзгорон мавҷуд буда, дар онҳо омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик, таърих, забонҳои англисӣ ва русӣ, инчунин фанҳои физика, химия ва биология ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса барои омӯзиши фанҳои умумӣ ва касбӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти литсей омода намудани ҷавонон, бахусус духтарон, ба касбу ҳунарҳои зарурӣ ва бозоргир мебошад. Дар ошёнаи якум синфхонаҳои дӯзандагӣ, каннодӣ ва ошхона ҷойгир буда, синфхонаи дӯзандагӣ бо 18 адад мошинаи нави дарздӯзӣ таъмин гардидааст.
Таълимгирандагон дар ин синфхона бо истифода аз таҷҳизоти муосир нозукиҳои касби дӯзандагӣ ва тарроҳиро меомӯзанд. Фароҳам овардани чунин шароит ба баланд гардидани сатҳи касбии таълимгирандагон, азхуд намудани малакаҳои меҳнатӣ, омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва дар оянда соҳибкасб гардидани онҳо мусоидат менамояд.
Айни замон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касби техникӣ» 260 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Хонандагони муассиса баъди хатми таҳсил дар баробари гирифтани шаҳодатномаи хатм, соҳиби дипломи тахассусӣ низ гардида, метавонанд аз рӯи ихтисоси омӯхтаашон фаъолияти меҳнатии худро идома диҳанд.
Синфхонаи компютерӣ низ бо мақсади рушди саводи рақамӣ ва баланд бардоштани малакаи истифодаи технологияҳои муосир ташкил гардидааст. Таҷҳизоти таълимии муосир ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар баробари донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ ва рақамиро низ аз худ намоянд.
Дар баробари фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ ба ободонии муҳити атроф низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардидааст. Дар ҳудуди муассиса ва атрофи бино зиёда аз 800 адад гулу бутта шинонида шуда, роҳравҳои назди иншоот сафолакпӯш гардидаанд.
Зимни боздид аз литсей масъулин бо шароити таълимӣ, раванди омӯзиш ва фаъолияти омӯзгорону таълимгирандагон шинос шуданд. Ҳамчунин бо омӯзгорони муассиса мулоқот баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ ва омода намудани кадрҳои ҷавону соҳибихтисос аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ бо мутахассисони зарурӣ заминаи устувор фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

