ҚУБОДИЁН, 18 сентябр. Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи дӯзандагии ҶДММ «Мастура Авезова» ва маркази омӯзиши забонҳо, ки дар кӯчаи Заҳматободи ҷамоати шаҳраки Қубодиён ҷойгир аст, шинос шуданд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қитъаи замини масоҳаташ 0,04 гектар бунёд гардидааст. Масоҳати бинои асосӣ 140 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби маблағҳои инфиродии соҳибкор ба роҳ монда шуда, ҳаҷми иҷрои корҳои сохтмонӣ 100 фоизро ташкил медиҳад. Дар корҳои сохтмонӣ кормандони кироя ҷалб гардидаанд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ 10 адад мошинаи дӯзандагӣ насб гардида, барои 25 нафар ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад. Ҳамзамон, дар маркази мазкур барои омӯзиши забонҳо шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо масъулини иншоот суҳбат намуда, барои босифат ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои сохтмонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти минбаъдаи коргоҳ ва маркази омӯзишӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин иншоот дар фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои омӯзишӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Инчунин, дар идомаи боздид раиси вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии соҳибкор Расулова Шамсия шинос шуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо мақсади рушди соҳибкории истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби занону бонувон ба фаъолияти меҳнатӣ таъсис дода шуда, имрӯз дар он 10 нафар занону бонувон бо кори доимӣ таъмин мебошанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

