ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ ВА РАВАНДИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ДАР НОҲИЯҲОИ ФАРХОР ВА ВОСЕЪ

15.09.2026. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо раванди ҷамъоварии ҳосили пахта, фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ ва қабули ашёи хоми саноатӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ сафар намуда, бо вазъи корҳои саҳроӣ ва омодагии соҳа ба марҳилаи муҳими ҷамъоварии ҳосил шинос шуданд.

Дар ноҳияи Фархор яке аз самтҳои асосии таваҷҷуҳи Раиси вилояти Хатлон раванди қабули пахта ва фаъолияти корхонаи ҶДММ «Пахтаи Фархор» буд.

Тибқи иттилои масъулон, иқтидори корхона барои коркарди солонаи то 12 ҳазор тонна ашёи хоми пахта пешбинӣ гардидааст. То имрӯз ба корхона беш аз 2 ҳазор тонна пахта ворид гардида, аз ин миқдор тақрибан 1000 тоннаи он коркард шудааст.

Зимни боздид аз Кооперативи тиҷоратӣ-тухмипарварии «Дӯстӣ-60» иттилоъ дода шуд, ки дар ин хоҷагӣ дар майдони 50 гектар пахта кишт гардида, ду навъи пахта — «Лазер» ва «Лима» парвариш карда мешавад. Ҳосилнокии пахта дар чиниши аввал аз 20 то 25 сентнер аз ҳар гектарро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи Фархор ҳамагӣ 4600 хоҷагии пахтакор фаъолият дошта, дар 2230 хоҷагӣ ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардидааст. То имрӯз дар ноҳия 2988 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Масоҳати умумии кишти пахта дар ноҳияи Фархор 9700 гектарро ташкил дода, тибқи дурнамо истеҳсоли 20 ҳазору 720 тонна пахта пешбинӣ шудааст.

Раиси вилояти Хатлон ба масъулони соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳо таъкид намуданд, ки ҷамъоварии ҳосили пахта бояд бо истифодаи самараноки ҳар як рӯзи мусоиди обу ҳаво, ҷалби бештари қувваи корӣ ва техника ба роҳ монда шуда, барои пешгирии талафоти ҳосил чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Сипас, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Восеъ бо рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ шинос шуданд.

Кишоварзони ноҳияи Восеъ имсол дар майдони беш аз 6602 гектар пунбадона кишт намудаанд. Тибқи дурнамо дар ноҳия ҷамъоварии 15 ҳазору 300 тонна пахта пешбинӣ шудааст. То имрӯз 864 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, ба нуқтаҳои қабули ашёи хоми саноатӣ ворид шудааст.

Яке аз таҷрибаҳои ҷолиби кишоварзони ноҳияи Восеъ кишти пахта зери плёнка мебошад. Имсол бори дуюм аст, ки чунин усули парвариш дар ноҳия истифода мешавад. Кишоварзон дар майдони 406 гектар пахтаро зери плёнка кишт намудаанд. Тибқи мушоҳидаҳои мутахассисон, ҳосилнокии пахта дар чунин майдонҳо метавонад то 60 сентнер аз ҳар гектар расад.

Раиси вилояти Хатлон аз рафти коркарди пахта ва қабули ашёи хоми саноатӣ дар ҶДММ «Самар»-и ноҳияи Восеъ низ боздид намуданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Восеъ чор корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият дошта, ду корхона дар мавсими имсола фаъолияти назаррас доранд.

Дар идомаи боздид Раиси вилояти Хатлон бо масъулони соҳа, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот суҳбат намуда, барои дар муҳлатҳои муайян ҷамъоварӣ намудани ҳосил, роҳ надодан ба талафоти пахта, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти муназзами нуқтаҳои қабул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки пахта ҳамчун яке аз маҳсулоти муҳими кишоварзӣ дар рушди иқтисодиёти минтақа нақши муҳим дошта, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи он барои иҷрои дурнамои истеҳсолӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ аҳамияти калон дорад.

Раиси вилояти Хатлон масъулонро вазифадор намуданд, ки дар тамоми марҳилаҳои ҷамъоварӣ ва қабули пахта назорати қатъӣ ҷорӣ карда, барои ҳавасмандгардонии пахтакорон ва дастгирии хоҷагиҳои пешқадам тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles