БОХТАР, 20 август. Дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилоят баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои соли таҳсили 2025–2026, дастовардҳои хонандагону омӯзгорон, мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳои асосии соҳа барои соли таҳсили 2026–2027 мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар машварат раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, роҳбари дастгоҳи раис, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, мудирону кормандони шуъбаву бахшҳои маориф, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони фаъол иштирок намуданд.
Нахуст иштирокдорони машварат аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф ва корҳои эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят дидан карданд. Дар намоиш дастовардҳои хонандагон дар самти илм, китобхонӣ, технология, ҳунарҳои эҷодӣ ва дигар самтҳои таълимӣ муаррифӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки соли таҳсили гузашта барои соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо як қатор натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид. Аз ҷумла, 37 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» соҳиби аттестатҳои аъло гардида, вилояти Хатлон аз рӯи ин нишондиҳанда дар байни минтақаҳои кишвар мақоми аввалро соҳиб шудааст.
Пас аз боздиди намоиши дастовардҳо машварати августӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Афзоиши маблағгузорӣ ва талаботи нав ба сифати таълим
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ фаъолияти соҳаи маорифро дар соли таҳсили 2025–2026 таҳлил намуда, таъкид карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат рушд ёфтааст.
Ба гуфтаи раиси вилоят, маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи Хатлон сол ба сол зиёд шуда истодааст. Агар соли 2020 маблағгузории соҳа 1 миллиарду 17 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, барои соли 2026 ба соҳаи маориф 2 миллиарду 740 миллиону 578 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Яъне, дар зарфи шаш сол ҳаҷми маблағгузорӣ қариб 2,7 баробар афзоиш ёфтааст.
Таъкид гардид, ки афзоиши маблағгузорӣ ва беҳтар шудани шароити моддию техникӣ бояд дар ниҳоят ба баланд гардидани сифати дониш оварда расонад. Ҳадафи ниҳоии давлат танҳо бунёди биноҳои нави мактабӣ нест, балки тарбияи инсони донишманд, соҳибкасб, худшинос, эҷодкор ва рақобатпазир мебошад.
Раиси вилоят гуфтанд, ки аз ин пас бояд фаъолияти муассисаҳои таълимӣ пеш аз ҳама аз рӯи натиҷаи воқеии таълим баҳогузорӣ карда шавад.
Қариб як миллион хонанда ва зарурати дурнамои дарозмуддат
Дар соли таҳсили 2025–2026 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон 942 ҳазору 700 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 42 ҳазору 110 нафар зиёд мебошад.
Ин афзоиш, ба таъкиди раиси вилоят, аз мақомоти масъул тақозо мекунад, ки рушди соҳаи маорифро танҳо бо нақшаҳои кӯтоҳмуддат маҳдуд накунанд. Зарур аст, ки афзоиши аҳолӣ ва шумораи хонандагон барои панҷ ва даҳ соли оянда пешбинӣ шуда, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва омодасозии кадрҳо мутобиқ ба ин дурнамо ба роҳ монда шавад.
Дар соли таҳсили гузашта сохтмон, таъмир ва азнавсозии 341 иншооти соҳа бо 2894 синфхона барои 69 ҳазору 456 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шуда, ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин корҳо беш аз 1,2 миллиард сомониро ташкил додааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ бошад, 50 иншоот бо 210 синфхона ва 5040 ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 291 иншооти дигар идома доранд. Бо вуҷуди ин, дар вилоят ҳанӯз 89 муассисаи таълимӣ ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд.
Раиси вилоят таъкид карданд, ки ҳангоми бунёди муассисаҳои нав бояд пеш аз ҳама эҳтиёҷоти воқеии аҳолӣ, афзоиши шумораи хонандагон ва масъалаи норасоии ҷойи нишаст ба назар гирифта шавад.
Дастовардҳои назаррас дар олимпиадаҳо ва озмунҳо
Дастовардҳои хонандагони болаёқати вилояти Хатлон низ назаррас арзёбӣ гардиданд.
Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ хонандагони вилоят соҳиби 3240 медал гардидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 2737 медал зиёд мебошад. Дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ бошад, хонандагони вилояти Хатлон 1175 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 375 медал бештар аст.
Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли 2025 намояндагони вилоят 28 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла ду Шоҳҷоиза, ба даст овардаанд. Дар озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» низ намояндагони вилоят 20 ҷойи намоёнро соҳиб шудаанд.
«Мактаби пешсаф — мактаби шарик»
Бо мақсади коҳиш додани тафовути сифати таҳсил байни муассисаҳо аз соли нави таҳсил механизми «мактаби пешсаф — мактаби шарик» ҷорӣ карда мешавад.
Тибқи ин механизм, муассисаҳои дорои нишондиҳандаҳои паст ба муассисаҳои пешсаф вобаста гардида, дар байни онҳо дарсҳои намунавӣ, табодули таҷрибаи омӯзгорон, омӯзиши методика, машваратҳои фаннӣ ва таҳлили муштараки натиҷаҳо ба роҳ монда мешаванд.
Раиси вилоят таъкид карданд, ки таҷрибаи омӯзгори муваффақ бояд танҳо дар як мактаб маҳдуд намонад. Он бояд ҳамчун сармояи умумии низоми маорифи вилоят омӯхта ва паҳн карда шавад.
Омӯзгор — омили ҳалкунанда
Дар машварат масъалаи омодагии касбии омӯзгорон низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки масъалаи мазкур бояд марҳила ба марҳила ҳал карда шавад. Ҳамзамон, бозомӯзии омӯзгорон набояд танҳо бо гирифтани шаҳодатномаи курс анҷом ёбад. Натиҷаи бозомӯзӣ бояд дар сифати дарс ва пешрафти донишҳои хонандагон эҳсос шавад.
Дар ин замина зарурати тақвияти низоми «устод — шогирд» низ таъкид гардид, то омӯзгорони ҷавон дар солҳои аввали фаъолияти худ аз дастгирии методӣ ва касбӣ маҳрум намонанд.
Фанҳои дақиқ, забономӯзӣ ва технология
Раиси вилояти Хатлон таъкид карданд, ки рушди иқтисодиёти ояндаи минтақа ба кадрҳои дорои дониш ва малакаҳои муосир ниёз дорад. Аз ин рӯ, таълими математика, физика, химия, технология ва забонҳои хориҷӣ бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳаи маориф табдил дода шавад.
Дар ин раванд истифодаи самараноки лабораторияҳо, компютерҳо ва интернет низ муҳим арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки ҳар як маблағе, ки барои технология сарф мешавад, бояд дар ниҳоят ба дониш ва малакаи хонанда табдил ёбад.
Зеҳни сунъӣ — ҳам чолиш ва ҳам имконият
Яке аз масъалаҳои наве, ки дар машварат матраҳ гардид, истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар соҳаи маориф буд.
Таъкид гардид, ки рушди босуръати технология тарзи таҳсил ва корро тағйир дода истодааст ва мактаб наметавонад аз ин раванд канор монад. Ба ҷои манъи технология, зарур аст, ки хонандагон истифодаи дуруст, бехатар, ахлоқӣ ва эҷодкоронаи онро омӯзанд.
Дар ин замина Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифадор гардид, ки барномаи марҳилавии баланд бардоштани саводи рақамии омӯзгорон ва истифодаи масъулонаи имкониятҳои зеҳни сунъиро дар раванди таълим таҳия намояд.
Таҳсилоти томактабӣ ва тарбия
Фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ низ яке аз масъалаҳои муҳими машварат буд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, бо фаъолияти марказҳои рушди барвақтии кӯдак сатҳи фарогирӣ дар вилояти Хатлон ба тақрибан 33 фоиз расидааст.
Бо вуҷуди пешрафт, таъкид шуд, ки қисми зиёди кӯдакони синни томактабӣ ҳанӯз аз низоми муташаккили омодагӣ ба мактаб берун мемонанд. Аз ин рӯ, рушди муассисаҳои томактабӣ, шаклҳои хусусии таълим ва марказҳои рушди барвақтии кӯдак бояд суръат бахшида шавад.
Раиси вилоят таъкид карданд, ки дар масъалаи тарбия бояд аз мубориза бо оқибатҳо ба пешгирии сабабҳо гузашт. Мактаб, оила ва сохторҳои масъул бояд кӯдакони осебпазирро пеш аз ба мушкил табдил ёфтани вазъ муайян намуда, бо онҳо кори инфиродӣ баранд.
Китобхонӣ бояд ба фарҳанги ҳаррӯзаи мактаб табдил ёбад
Солҳои 2026–2030 дар вилояти Хатлон солҳои фарҳанги китобхонӣ эълон гардидаанд. Дар машварат таъкид шуд, ки ин ташаббус пеш аз ҳама дар муассисаҳои таълимӣ бояд эҳсос шавад.
Китобхонӣ набояд танҳо дар рӯзҳои баргузории озмунҳо ба ёд оварда шавад. Зарур аст, ки дар мактабҳо муҳите фароҳам оварда шавад, ки мутолиаи китоб ба одат ва фарҳанги ҳаррӯзаи омӯзгорону хонандагон табдил ёбад.
Ҳамчунин зарурати такмили низоми ҳавасмандгардонии хонандагон ва омӯзгорони фаъол таъкид гардид.
Пайванди таҳсилоти касбӣ бо бозори меҳнат
Масъалаи дигаре, ки дар суханронӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, мутобиқ намудани таҳсилоти касбӣ ба талаботи иқтисодиёти вилояти Хатлон буд.
Таъкид гардид, ки муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бояд мутахассисонро на танҳо аз рӯи имкониятҳои мавҷудаи худ, балки бо дарназардошти талаботи воқеии бозори меҳнат омода намоянд.
Дар ин самт зарурати густариши ҳамкории «муассисаи таълимӣ — корхона — бозори меҳнат», омӯзиши дуалӣ, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳо ва иштироки корфармоён дар таҳияи барномаҳои таълимӣ таъкид карда шуд.
12 вазифаи асосӣ барои соли таҳсили 2026–2027
Дар фарҷоми суханронӣ раиси вилояти Хатлон барои соли нави таҳсил як қатор вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, сифати дониш ҳамчун меъёри асосии фаъолияти ҳар як муассиса муайян карда шуда, барои мактабҳои дорои натиҷаҳои паст таҳияи барномаҳои алоҳидаи беҳбудӣ пешбинӣ гардид.
Ҳамчунин ҷорӣ намудани низоми «мактаби пешсаф — мактаби шарик», марҳила ба марҳила ҳал намудани масъалаи омӯзгорони ғайриихтисос, баланд бардоштани сатҳи таълими фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, таҳияи барномаи саводи рақамии омӯзгорон ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ, рушди таҳсилоти томактабӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори таълимӣ вазифа гузошта шуд.
Дар самти тарбия бошад, зарур дониста шуд, ки пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз усули танҳо гузаронидани чорабиниҳо ба низоми муайянсозии барвақтии хавф ва кори инфиродӣ бо кӯдак ва оила гузаронида шавад.
Ҳамзамон, рушди фарҳанги китобхонӣ, мутобиқ намудани таҳсилоти касбӣ ба талаботи иқтисодиёти вилоят ва баҳодиҳии фаъолияти роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз рӯи натиҷаҳои ченшаванда аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ муайян гардиданд.
Қадрдонии омӯзгорон ва хонандагони фаъол
Қисми тантанавии машварати августиро маросими қадрдонии омӯзгорон, хонандагон ва дигар саҳмгузорони соҳаи маориф ташкил дод.
Дар маҷмӯъ, беш аз 100 нафар бо унвонҳои «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаҳои «Омӯзгори ифтихории вилояти Хатлон», «Собиқадори соҳаи маорифи вилояти Хатлон», «Соҳибватан» ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Ба 37 нафар ғолибони озмуни «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ 370 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин омӯзгорони 37 хатмкунандаи мазкур ҳар кадом бо 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуда, ҳаҷми умумии ин мукофот 111 ҳазор сомониро ташкил дод.
Илова бар ин, 10 нафар хонандаи фаъол ва ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷоизаи раиси вилояти Хатлон — «Соҳибватан» ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.
«Парчами сайёри ғолиб» бо 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ насиби ноҳияи Данғара шуд. Ин парчам ҳамасола бо дарназардошти фаъолияти назаррас, пешсафӣ ва натиҷаҳои баландтарин ба яке аз шаҳру ноҳияҳои вилоят супорида мешавад.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим низ дастовардҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлонро баланд арзёбӣ намуда, аз афзоиши натиҷаҳои хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ёдовар шуд. Аз ҷумла, ғолибияти Сайдализода Мадина — хонандаи муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин — дар озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи соли Тоҷикистон» ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими соли таҳсил таъкид гардид.
Вазир ҳамчунин ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди малакаҳои касбии омӯзгорон, рақамикунонии соҳаи маориф, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, интернет, барномаҳои электронӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Марҳилаи нав — талош барои сифат
Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо таъкиди зарурати идомаи корҳои созанда, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дастгирии омӯзгорони фаъол ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои рушди хонандагон ҷамъбаст гардид.
Раиси вилояти Хатлон дар хулосаи суханронӣ таъкид намуданд, ки маорифи вилоят имрӯз дар марҳилаи муҳим қарор дорад. Агар солҳои гузашта таваҷҷуҳи асосӣ ба сохтмони муассисаҳо, беҳтар намудани шароити таълим ва афзоиши маблағгузорӣ равона шуда бошад, акнун марҳилаи нави рушди соҳа — марҳилаи талош барои сифат — оғоз мегардад.
Ҳадаф он аст, ки Хатлон на танҳо вилояти дорои шумораи зиёди хонандагон, балки яке аз минтақаҳои пешсафи кишвар аз рӯи сифати таҳсил, сатҳи дониш, тарбияи кадр ва рушди сармояи инсонӣ гардад.
Дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони машварат Раиси вилоят таъкид карданд, ки сармояи бузургтарини Хатлон на танҳо роҳу бино, корхона ва иншоот, балки ҷавонони донишманд, соҳибкасб, худшинос, ватандӯст ва рақобатпазир мебошанд.
Соли таҳсили 2026–2027 барои соҳаи маорифи вилояти Хатлон бояд соли баланд бардоштани сифати таълим, паҳн намудани таҷрибаи пешқадам ва гузариш ба идоракунии натиҷавӣ гардад.
Дар анҷом ҳамаи омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф, хонандагон ва падару модарон ба муносибати оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта шуда, ба онҳо саломатӣ, неруи тоза ва дастовардҳои бештар орзу карда шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

