Имрӯз, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Носири Хусрав аз рафти кишти пахта бо усули анъанавӣ дар хоҷагии деҳқонии «Рамзиддин», воқеъ дар деҳаи Лолазор, боздид намуданд.
Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни кишти чигити патдор аз наздик шинос шуда, ба масъулин ва кишоварзон ҷиҳати риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат ва истифодаи самараноки замин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамин минтақа хоҷагии деҳқонии «Камолиддин-2019» фаъолияти пурсамар дошта, масоҳати умумии он 12,40 гектарро ташкил медиҳад. Роҳбарии хоҷагиро Ҷураева Нурбӣ ба уҳда дошта, дар он 9 нафар саҳмдорон кору фаъолият менамоянд.
Раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки кишти саривақтии пахта ва истифодаи усулҳои дурусти агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон заминаи мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, ба кишоварзон тавсия дода шуд, ки ба сифати кишт, нигоҳубини зироат ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадам диққати ҷиддӣ диҳанд.
Зикр гардид, ки рушди соҳаи пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими иқтисодиёти минтақа ба ҳисоб рафта, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ ва афзоиши истеҳсолоти кишоварзӣ назаррас мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

