БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ПАРВАРИШИ ПИЛЛА ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Имрӯз, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Қубодиён аз рафти парвариши пилла дар парваришгоҳи ҶСК «Пиллаи тоҷик», воқеъ дар ҷамоати деҳоти Вобканд, боздид намуданд.

Зимни боздид раиси вилоят бо шароити парвариши пилла ва фаъолияти кормандон аз наздик шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати рушди соҳа ва баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсоли пилла дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, аз ҷониби ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар масоҳати 1,5 гектар парваришгоҳи пилла бунёд гардида, он аз 22 ҳуҷра иборат мебошад. Масоҳати ҳар як ҳуҷра 35 метри мураббаъ буда, дар маҷмӯъ 770 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои сохтмони иншооти мазкур зиёда аз 2 миллион сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Дар парваришгоҳ барои 8 нафар ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуда, айни замон дар он 480 грамм пилла парвариш ёфта истодааст. Масъулин зикр намуданд, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоид имкони боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот вуҷуд дорад.

Раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, метавонад дар таъмини шуғли аҳолӣ ва афзоиши даромади онҳо нақши муҳим бозад. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки имкониятҳо ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам дар ин самт зарур шуморида шуд.

Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки фаъолияти парваришгоҳ густариш дода шуда, барои ҷалби бештари аҳолӣ ба ин соҳа ва зиёд намудани истеҳсоли пилла чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар маҷмӯъ, чунин ташаббусҳо ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии минтақа мусоидат менамоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles