БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Имрӯз, 8 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиён аз рафти сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, воқеъ дар деҳаи Озодагон, боздид намуданд.

Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳои бунёдӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони бинои иловагӣ барои 800 нафар хонанда дар ду баст бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорон ва сокинони саховатпешаи маҳаллӣ амалӣ гардида, мавриди истифода қарор додани он моҳи сентябри соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Бинои нав аз 16 синфхона иборат буда, дорои таҳхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона, ҳуҷраи бойгонӣ ва ошхона барои 150 ҷойи нишаст мебошад. Барои татбиқи ин лоиҳа беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ идома доранд.

Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо масъулин ва сохтмончиён таъкид намуданд, ки фароҳам овардани шароити муосири таълим барои насли наврас яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бояд ба сифати сохтмон, таъмини иншоот бо таҷҳизоти зарурӣ ва муҳайё намудани муҳити мусоиди таълим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.

Ҳамзамон, саҳми соҳибкорон ва аҳолии маҳаллӣ дар бунёди чунин иншооти муҳим намунаи ибрат арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки ин иқдом ба беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбия ва фарогирии бештари хонандагон ба таҳсил мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles