ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОНУ РОҲБАРИЯТИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Имрӯз, 14 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ қабули шаҳрвандонро баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ низ ширкат доштанд.

Зимни қабул сокинон арзу муроҷиатҳои худро, ки бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтор марбут буданд, ба роҳбарияти вилоят ироа карданд. Муроҷиатҳо асосан ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, сохтмони варзишгоҳ, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои оилаҳои ниёзманд, таъмини аробачаи маъюбӣ, кӯмаки молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ вобаста буданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба ҳар як муроҷиати шаҳрвандон бо диққат гӯш дода, барои баррасӣ ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки бо афзоиши аҳолӣ дар деҳоти ноҳияи Восеъ талабот ба мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, оби нӯшокӣ ва барқ меафзояд ва барои қонеъ сохтани ниёзҳои мардум бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки мақсади чунин қабули сайёр расидан ба мушкилоти мардум аз наздик ва таъмин намудани ҳалли босамари онҳо дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдор мебошад.

Раиси вилоят ба масъулон дастур доданд, ки муроҷиатҳои мардумро саривақт ва бо масъулияти баланд баррасӣ намоянд ва ба рушди иқтисоди маҳаллӣ, вусъати корҳои азнавсозиву ободонӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Баъди анҷоми қабули сайёр раиси вилоят бо роҳбарият ва фаъолони ноҳияи Восеъ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот раиси вилоят аз пешрафту мушкилот ва камбудиҳои соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, масъулин ва фаъолонро вазифадор намуданд, ки оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саҳмгузор бошанд.

Таъкид гардид, ки ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳодисаҳои атроф, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҷалби ҷавонон ба варзишу мусобиқаҳо, расидан ба арзи мардум вазифаи меҳварии ҳар як роҳбар ва хизматчии давлатӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles