Имрӯз, 14 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ дар деҳаи Пушёни Поён аз рафти корҳои сохтмонии фабрикаи парандапарварӣ барои 60 ҳазор сар паранда боздид ба намуданд.
Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва шароити пешбинишудаи фаъолияти корхона аз наздик шинос гардиданд. Тавре масъулон иттилоъ доданд, фабрикаи мазкур барои парвариши то 60 ҳазор сар паранда пешбинӣ шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти мурғ саҳми назаррас гузорад.
Фабрикаи парандапарварӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ – Ятимов А. бо маблағи 4 миллион сомонӣ дар марҳилаи аввал бунёд гардида, барои таъсиси 15 ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта шуд, ки бо ба истифода додани ин иншооти истеҳсолӣ имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар деҳа низ густариш меёбанд. Ҳамзамон, татбиқи чунин лоиҳаҳо ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат менамояд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифати корҳои бунёдӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва сари вақт ба анҷом расонидани сохтмони фабрика дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки дастгирии соҳибкорон, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат ба шумор меравад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

