ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШОҲРОҲИ ВОСЕЪ-ХОВАЛИНГ

Имрӯз, 14 март, дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ниҳолшинонӣ, дар шоҳроҳи Восеъ-Ховалинг иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ин маъракаи сабзкорӣ роҳбарияти вилоят ва сокинони маҳаллӣ бо рӯҳияи баланд ниҳолҳои гуногуни сояафкану ороиширо шинонида, барои сабзу хуррам гардонидани муҳити зист ва зебоии атрофи роҳ саҳм гузоштанд.

Тибқи иттилоъ дар ин мавзеъ 3000 адад ниҳол шинонида шуд, аз ҷумла 2000 адад дарахти ҳамешасабз, 500 адад дарахти ороишӣ ва 500 адад дарахти мевадиҳанда. Шинонидани чунин миқдори ниҳолҳо ба беҳтар гардидани вазъи экологии минтақа, сабзгардонии ҳудуди роҳ ва ободонии муҳити атроф мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки маъракаи ниҳолшинонӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти беҳдошти муҳити зист, ободонии маҳал ва тақвияти фарҳанги экологӣ дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ба масъулон дастур дода шуд, ки ба нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои сабзу хуррам нигоҳ доштани ҳудуди роҳ ва дигар мавзеъҳои аҳолинишин тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles