САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Имрӯз, 14 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ дар деҳаи Кафтархонаи деҳоти Худоёр Раҷабов аз рафти корҳои сохтмонии бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 боздид намуданд.

Бинои иловагии муассиса бо озмоишгоҳҳои фанҳои дақиқ барои беш аз 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншоот Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушд дар доираи лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» маблағгузорӣ гардида истодааст.

Иншоот сеошёна буда, аз 15 синфхона иборат хоҳад буд. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Фидо сохтмон” аз моҳи декабри соли 2025 оғоз гардида, тибқи нақша то моҳи июни соли 2027 ба анҷом расонида мешаванд.

Зимни боздид раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сифати иҷрои корҳо ва муҳлати ба истифода супоридани иншоот шинос гардида, ба масъулон ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сохтмони бинои иловагӣ барои фароҳам овардани шароити беҳтари таълим, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф дар маҳал мусоидат хоҳад намуд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles