ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Сокинони шарафманди вилояти Хатлон!
Фардо моҳи мубораки Рамазон фаро мерасад — моҳе, ки барои ҳар як фарди мусулмон на танҳо айёми рӯза, балки мактаби бузурги парҳезгорӣ, худшиносӣ, сабру таҳаммул, инсондӯстӣ ва тақвияти ирода мебошад. Рамазон фурсати нодирест барои поксозии қалбҳо ва ислоҳи амалҳо.
Ин моҳи шариф инсонро ба меҳрубонӣ, саховатмандӣ ва дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон ҳидоят мекунад. Дар ин айём арзишҳои олии ахлоқӣ — эҳтиром ба якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдат боз ҳам тақвият меёбанд. Рамазон ба ҳар яки мо ёдрас месозад, ки шукронаи неъматҳоро ба ҷо оварда, бо нияти пок ва амали солеҳ ҷомеаро ободу зебо гардонем.
Бо фарорасии ин моҳи муборак ҳамаи Шумо, сокинони шарафманди вилоятро самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, хотири ҷамъ, файзу баракат ва ризқу рӯзии фаровон орзу менамоям. Бигзор дар ҳар хонадон нуру зиё, меҳру муҳаббат ва оромиву осоиш ҳукмфармо бошад.
Бояд гуфт, ки дар моҳи мубораки Рамазон ҳар як фарди бедордилу хайрхоҳ кӯшиш мекунад, ки амали неку писандида анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои ниёзманду бесаробонмонда дасти ёрӣ дароз намояд ва бо ин васила ҳам рисолати инсондӯстии худро адо карда, ҳам соҳиби савоби бештар гардад.
Бо ифтихор иброз медорам, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минтақаҳо, дар вилояти Хатлон марҳилаи нави ободкориву созандагӣ оғоз гардида, сатҳи фаъолият ва масъулияти мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ ба таври назаррас баланд бардошта шудааст.
Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар вилоят бо нишондиҳандаи 106 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 6260 иншооти пешбинишуда 6640 иншоот мавриди истифода қарор дода шуд, ки 380 иншоот зиёд ва ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 5,2 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти гуногун сохта ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба нақшаи солона 2,3 баробар зиёд мебошад.
Илова бар ин, дар соли 2026, дар идомаи ҳамин иқдомҳои созандагӣ, зиёда аз 1500 иншооти нав, аз ҷумла муассисаҳои маориф, томактабӣ, тандурустӣ ва беш аз 80 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкорон бунёд ва ба истифода дода хоҳанд шуд.
Бо камоли фараҳмандӣ ва арҷгузорӣ иброз медорам, ки дар соли сипаришуда бо саҳми назарраси ҳар як сокини ватандӯст дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои бузурги созандагию ободонӣ амалӣ гардиданд. Ин дастовардҳо натиҷаи меҳнати содиқона, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии мардуми вилояти Хатлон мебошанд.
Бо истифода аз фурсат, ба тамоми сокинон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар корҳои созандагию ободонӣ самимона сипос ва миннатдории самимӣ баён намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, баракат ва комёбиҳои нав ба нав таманно менамоям.
Моҳи шарифи Рамазон, ки имсол ба оғози фасли баҳор ва мавсими киштукор рост омадааст, моро водор месозад, ки бо нияти пок ба заҳмати созанда пардохта, бо саъю талош барои ризқу рӯзӣ ҳам зиндагии худу аҳли хонадонро таъмин намоем ва ҳам дар пешрафту ободии ҷомеа саҳми арзанда гузорем.
Ҳоло, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи бисёр ҳассосу пешгӯинашаванда қарор дорад, аз ҳар як сокини вилоят талаб мегардад, ки беш аз ҳар вақти дигар барои ҳифзу таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои миллӣ саъю талош намоянд, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатдорӣ, аз худ намудани донишҳои муосир ва касбомӯзии самаранок тарбия кунанд, ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва андешаҳои бегона чораҳои муассиру саривақтӣ андешанд ва нагузоранд, ки насли ояндасози миллат фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ифротгаро гардида, ба роҳи хато бираванд.
Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мусулмони комил бояд ба Ватану миллати худ содиқ, дар ҳифзи марзу буми он омода ва нангу номуси ватандорӣ дошта бошад ва дар ободонии сарзамини аҷдодии хеш саҳмгузор бошад, зеро тибқи фармудаи Пайғамбари ислом «муҳаббат ба Ватан аз ҷумлаи имон аст».
Итминони комил дорам, ки сокинони сарбаланду меҳнатқарини Хатлонзамин дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳнати аҳлона баҳри расидан ба ҳадафҳои ниҳоии давлату Ҳукумати кишвар заҳмат кашида, ташаббусҳои созандаро ба даст мегиранд ва дар таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоистаи худро мегузоранд.
Бо умеди ободии Ватани азиз, пойдории сулҳу суботи комил ва ваҳдати сартосарии кишварамон бори дигар фарорасии моҳи мубораки Рамазонро ба мардуми шарифи вилоят шодбош гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми кишварамон сарсабзиву шодкомӣ, зиндагии ободу осуда ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.
Моҳи мубораки Рамазон муборак!

