БОЗДИД АЗ ТРАНСФОРМАТОРИ ҚУДРАТӢ БО ИҚТИДОРИ 141 000 КВА (141 МВА) ДАР ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ ЁВОН 220/35/10-6 кВ

БОЗДИД АЗ ТРАНСФОРМАТОРИ ҚУДРАТӢ БО ИҚТИДОРИ 141 000 КВА (141 МВА) ДАР ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ ЁВОН 220/35/10-6 кВ

Имрӯз, 17 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои анҷомёфта вобаста ба насби трансформатори қудратӣ бо иқтидори 141 000 кВА (141 МВА) дар зеристгоҳи барқии Ёвон 220/35/10-6 кВ боздид намуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади рафъи мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла пешгирии садамаҳои пайдарпай, бартараф намудани сарбории зиёдатӣ ва камбуди неруи барқ, инчунин посух додан ба муроҷиатҳои сокинон оид ба норасоии барқ, аз ҷониби Шабакаҳои тақсимоти барқ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон як адад трансформатори нави қудратӣ бо иқтидори 141 000 кВА (141 МВА) харидорӣ ва насб карда шуд.

Лоиҳаи мазкур ба маблағи 19,8 миллион сомонӣ амалӣ мегардад ва дар натиҷа сарбории аз меъёр зиёди шабакаҳо коҳиш ёфта, норасоии неруи барқ дар ҳудуди зеристгоҳҳои марбута пурра бартараф хоҳад гардид. Ин иқдом имкон медиҳад, ки таъминоти устувори неруи барқ барои аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ таъмин карда шавад.

Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки рушди соҳаи энергетика ва таҷдиди инфрасохтори барқӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат маҳсуб ёфта, татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамояд.

Ҳамзамон ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки истифодаи самараноки таҷҳизоти насбшуда, риояи қоидаҳои техникии бехатарӣ ва назорати доимии ҳолати шабакаҳои барқиро таъмин намоянд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles