ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

Имрӯз, 10 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

Маърака дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040» бо ташаббуси Сарраёсати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Ҳадафи асосии он саҳмгузорӣ дар ободонии муҳити зист, беҳтар намудани вазъи экологии минтақа ва афзоиши майдонҳои сабз мебошад.

Дар ҷараёни ин иқдом 1500 бех ниҳоли сузанбарг ва 1000 бех ниҳоли писта шинонида шуд. Ниҳолҳои шинонидашуда дар оянда ба зебогии манзараи роҳ, беҳтар гардидани ҳавои тоза ва ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳанд кард.

Ин ташаббус дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Зикр гардид, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома дошта, мақсад аз он боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ободонӣ ва саҳм гузоштан дар рушди устувори минтақа мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles