РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ФАЪОЛИЯТ ДОДАНИ ЧОҲИ АМУДӢ ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИД

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ФАЪОЛИЯТ ДОДАНИ ЧОҲИ АМУДӢ ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИД

Имрӯз, 10 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Хуросон дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо фаъолияти чоҳи амудӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Ин иқдом дар доираи сиёсати хирадмандони Пешвои миллат ва бо ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ бо шарикони рушд амалӣ гардид.

Бо ба истифода додани чоҳи амудӣ, ки бо технологияҳои муосир сохта шудааст, беш аз 4 ҳазор аҳолии деҳот бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Барои доимо фаъолият намудани чоҳ ва таъмини истифодабарандагон бо об, 30 адад панели офтобӣ бо иқтидори 16 киловат-соат барқ насб карда шудааст, ки самаранокии энергетикӣ ва истифодабарии захираҳои табииро таъмин мекунад.

Мавриди зикр аст, ки чоҳи амудӣ дар муддати 3 моҳ бо саҳмгузории мақомоти маҳаллӣ ва шарикони рушд бунёд ва ба истифода супорида шудааст.

Раиси вилоят зимни боздид бо сокинони маҳаллӣ суҳбат намуда, амалишавии ин иқдомро намунаи барҷастаи сиёсати созанда ва дастгирии мардуми деҳот аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар номиданд.

Иқдоми мазкур на танҳо сатҳи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокиро баланд мебарад, балки дар рушду ободонии маҳал ва беҳдошти сифати зиндагии сокинон нақши муҳим дорад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles