ХОВАЛИНГ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХОЛИЁН”
Имрӯз, 11 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Холиён”, воқеъ дар деҳаи Дараи Мухтори ҷамоати деҳоти Ҷомбахт огоҳ гардиданд.
Хоҷагии деҳқонии “Холиён” дар масоҳати умумии 3 гектар замини обӣ таъсис ёфта, аз 4 саҳмдор иборат мебошад. Роҳбарии онро Хайрулло Холов ба уҳда дорад. Тибқи маълумот, дар заминҳои хоҷагӣ ҳосили картошкаи тухмии сурхобӣ парвариш мешавад, ки аз ҳар як гектар то 45 тонна ҳосил гирифтан мумкин аст. Ин навъи тухмии хушсифат дар шароити ноҳияи Ховалинг натиҷаи хуб дода, ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва таъмини бозор бо маҳсулоти босифат мусоидат мекунад.
Масъулин иттилоъ доданд, ки фаъолияти хоҷагӣ дар асоси риояи меъёрҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ба роҳ монда шуда, дар он 1,5 гектар картошка, 1 гектар ғалладона ва 0,5 гектар сабзавот кишт гардидааст.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят зимни боздид раванди парвариши зироатҳои кишоварзиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, бо саҳмдорон ва кишоварзони маҳаллӣ суҳбат орост. Раиси вилоят аз заҳматҳои деҳқонон дар самти таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин ташаббусҳоро намунаи ибрат дар рушди истеҳсолоти деҳот арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ ва дурдаст омили муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Раиси вилоят, ҳамчунин пешниҳод намуданд, ки бо мақсади васеъ кардани заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва самаранокии меҳнат, истифодаи таҷҳизоти муосир вусъат дода шуда, бо ҷалби мутахассисон машваратҳои илмӣ-амалӣ ба роҳ монда шаванд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон