ХОВАЛИНГ. ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛИ ҶДММ “УСМОН”

Имрӯз, 11 сентябр, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Сохтмончиёни ҷамоати деҳоти Мунк корхонаи коркарди сангу шағали ҶДММ “Усмон”-ро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади рушди соҳаи сохтмони ноҳия, бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ, таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва дигар эҳтиёҷоти сохтмонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саидов Муҳаммадҷон дар масоҳати 17 гектар замин ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иқтидори корхона дар як шабонарӯз коркарди 90 метри кубӣ сангу шағалро ташкил дода, пас аз баистифодадиҳӣ 5 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Ҳангоми боздид раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сифати корҳои сохтмонӣ ва раванди истеҳсол таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки бунёди чунин корхонаҳо дар вилоят ба рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти сохтмонии ватанӣ бо нархи дастрас мусоидат менамояд.

Бо мақсади боз ҳам густариш додани фаъолияти истеҳсолӣ ва тақвияти иқтидори саноатии маҳал, дар паҳлуи ҳамин корхона аз ҷониби соҳибкор Саидов Муҳаммад сохтмони корхонаи истеҳсоли бетон низ ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

 

Related Articles