ВОСЕЪ: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САЛОМИДДИН”

Имрӯз, 9 апрел, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Восеъ, ҳайати расмӣ аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Саломиддин” боздид намуданд.

Хоҷагии деҳқонии “Саломиддин” дар майдони 6,06 гектар ташкил шуда, ҳоло дар 4,5 гектар пахта, 1 гектар гандум ва 0,50 гектар юнучқа кишт намудааст.

Сипас, Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат дар хоҷагии деҳқонии “Саломиддин” ба кишти пунбадона оғоз бахшида, хоҷагидорону деҳқононро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баландро кишт намоянд, зеро риояи қоидаҳои илман асосноки парвариш, заҳмати шабонарӯзӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат заминагузори асосии фаровонҳосилӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles