Имрӯз, 9 апрел, дар доираи сафари кории худ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳон аз раванди сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ дар ноҳияи Восеъ боздид ба амал оварданд.
Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Восеъ ҳамзамон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар варзишгоҳ марказӣ, ки барои 20 000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, шинос шуд.
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки то имруз 85 фоизи корҳо дар иншоот ба анҷом расида, ҳоло дар он насби нишастгоҳҳо ва дигар тадбирҳои ободонӣ идома дорад.
Вобаста ба иҷрои корҳои боқимонда ба масъулон дастур дода шуд, ки иншооти мазкур бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонда шавад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон