Имрӯз, 9 апрел, дар доираи сафари кории худ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳон аз раванди сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ дар ноҳияи Восеъ боздид ба амал оварданд. Ин боздидҳо дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд.
Зимни сафари корӣ, Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуданд.
Тибқи иттилои масъулон, корхонаи мазкур бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, барои рушди иқтисодиву саноатии минтақа мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи сохтмони корхона бо тарҳи муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Султонов Шодӣ таҳия ва амалӣ шудааст. Дар корхона 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати беш аз 2000 сомонӣ ба фаъолият ҷалб гардидаанд.
Ҳангоми боздид Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба сифати корҳои сохтмонӣ ва раванди истеҳсол таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, изҳор дошт, ки бунёди чунин коргоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти сохтмонии ватанӣ бо нархи дастрас мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон