Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳон аз рафти корҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Бедилҷон-2015”, воқеъ дар деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб шинос гардиданд.
Хоҷагӣ дар масоҳати умумии 10 гектар фаъолият мебарад, ки аз он 6 гектар барои кишти пахта, 1 гектар барои полезӣ ва 1 гектар барои картошка пешбинӣ шудааст. Роҳбари хоҷагӣ Мансуров Диловар бо истифодаи техника ва технологияи муосир киштро саривақт анҷом дода, барои дарёфти ҳосили баланд чораҷӯӣ намуда истодааст.
Кишти саривақтии пахта дар ин хоҷагӣ на танҳо замина барои таъмини бозори дохилӣ бо ашёи хом мегардад, балки ба рушди минбаъдаи саноати бофандагии кишвар низ такони ҷиддӣ мебахшад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон