РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ХУРОСОН ВА АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ШИНОС ШУДАНД

Имрӯз, 6 апрел, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияҳои Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ рафтанд.

Нахуст раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Бобои Хидир” боздид намуда, ба фаъолияти он шинос шуданд. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки масоҳати хоҷагӣ 46 гектар замин буда, дар майдони 0,40 сотих дар гармхона қулфинай парвариш кардааст, ки аз аввали мавсим то имрӯз наздики 5 тонна маҳсулот ба бозор баровардааст. Инчунин, дар 20 гектар пунбадонаи зери плёнка кишт намуда, нашъунамои картошка ва пиёз дар ҳолати хуб қарор дорад. Роҳбари хоҷагӣ Хидиров Бобошер буда, 40 нафар саҳмдор дар хоҷагӣ кор мекунад.

Раиси вилоят аснои боздид бо кишоварзону масъулони соҳа суҳбат намуда, оид ба самаронку оқилона истифода намудани заминҳои дарихтиёрдошта дастуру тавсияҳои судманд доданд.

Сипас, Давлаталӣ Саид, раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии “Алишер”-и ноҳияи Хуросон ба кишти пунбадона оғоз бахшида, хоҷагидорону деҳқононро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баландро кишт намоянд, зеро риояи қоидаҳои илман асосноки парвариш, заҳмати шабонарӯзӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат заминагузори асосии фаровонҳосилӣ мебошад.

Масоҳати умумии замини хоҷагии деҳқонии “Алишер” 9 гектар буда, 6 гектараш замини корами обӣ мебошад ва дар он дар майдони 3 гектар картошка, 1 гектар пиёз ва 2 гектар пахта кишт намудааст.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо хоҷагидорон ба фаъолияти назарраси онҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам самаранок истифода намудани замин, ки кафили таъмини амнияти озуқаворӣ буда, дар шароити кунунӣ саривақтист, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Инчунин, дар ин хоҷагӣ раиси вилоят бо раисони ҷамоатҳо мулоқот намуда, онҳоро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намуданд.

Сипас, раиси вилоят аз се хоҷагии деҳқонӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздид намуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати тезонидани кишти баҳорӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Давлаталӣ Саид бо ёдоварӣ аз вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон ва дучандшавии талаботи аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ беҳсозии имкониятҳоро барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати расидан ба яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles