Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Шаҳритус рафтанд.
Раиси вилоят аснои боздид бо кишоварзону пирони рӯзгордида суҳбати озод анҷом дода, оид ба самаронку оқилона истифода намудани майдони заминҳои дарихтиёрдошта ба масъулон дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар маъракаи кишти пунбадона ширкат варзида, ба масъулон ва хоҷагидорон таъкид намуданд, ки ҳангоми кишту парвариш аз тухмиҳои хушсифат ва дорои сертификати мутобиқкунанда истифода намоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар ноҳияи Шаҳритус айни ҳол нашъунамои пахта, картошка, пиёз, сирпиёз, гандум ва дигар зироатҳо дар ҳолати хуб қарор доранд.
Зимни шиносоӣ раиси вилоят ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо маҳсулот арзёбӣ карданд.
Раиси вилоят таъкид намуданд, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу заҳматҳои пайваста ва иҷрои саривақтии иқдому ташаббусҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат “Таъмини амнияти озуқаворӣ” бирасем ва бо ин васила дар баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинони ҷумҳурӣ саҳм гузорем.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон